
Нашри акси кайфу сафои генерали қазоқ дар дохили зиндон маҷи вокунишҳоро ба бор овардааст. Ин акси баҳсбарангези генерал Серик Кудебаев дар дохили зиндон аксбардорӣ шуда, чигуна, ки дида мешавад, ӯ бо чандин нафар, гумон меравад, ё дӯстонаш ва ё маҳбусонанд, дар сари як дастархони пур аз нозу неъмата нишастаанд. Акси дар зиндон ҳам бо кайфу сафо адои ҳукм кардани генерал Кудебаев, ки бо ҷурми шиканҷа ва сӯистифода аз мансаб адои ҷазо мекунад, шаҳрвандони Қазоқистонро ба хашм овард. Бисёриҳо навиштаанд, ки “ин акси гурӯҳӣ ва дар сари дастархони идонаи пур аз нозу неъмат гирифтаи генерал, бештар ба истироҳатгоҳ шабоҳат дорад, на ба зиндон”.
Қисми дигаре аз нобаробарии иҷтимоӣ дар зиндонҳои Қазоқистон шикоят кардаанд. Бино ба гуфтаи онҳо, дар баъзе зиндонҳо ҳатто дар як моҳ як маротиба фиристодани хӯрока ва ё лавозимоти беҳдоштӣ ба наздиконашон, ки бо сабуктарин ҷурм зиндонӣ шудаанд, иҷозат дода намешавад, ба онҳое, ки ба ҷурмҳои сангине, чун шиканҷаву фасод адои ҷазо мекунанд, дар дохили зиндон “истироҳатгоҳ” (курорт, ё санаторий) ташкил кардаанд.
Ба ақидаи шореҳон, ин акс шаҳодат аз он медиҳад, ки дар низоми зиндонҳои Қазоқистон фасод ҳукмфармост ва аз ин рӯ оддитарин низомномаҳо ва қонунҳои мавҷуда дар баробари маҳбусон якранг иҷро карда намешаванд.
Вале вазорати корҳои дохилаи Қазоқистон дар шарҳи худ дар мавриди ин акс гуфтааст, ки “маҳбусон ҳақ доранд дар шакли баста(посылка) аз наздикони худ маводи хӯрока дарёфт кунанд ва ҳамчунин иҷоза доранд, ки дар дохили зиндон дар маконҳои махсус дар вақти холигии худ хӯроки худро истеъмол кунанд”.
Ба навиштаи хабаргузории русии “Спутник Қазоқистон”, дар акс генерал бо дигар зиндониҳо, ки ҳамаашон собиқ кормандони ҳифзи ҳуқуқ будаанд, Рӯзи Сарқонуни Қазоқистонро ҷашн гирифтаанд. Рӯзи Қонуни асосии Қазоқистон 30 август аст.
Гуфта мешавад, акс дар зиндони рақами 22, ки дар вилояти Қазоқистони Шарқӣ ҷойгир аст, аксбардорӣ шудааст. “Спутник” хабар дод, ки феълан бо иттиҳоми истифода аз телефони мобилӣ дар дохили зиндон ва пӯшонидани дурбинҳои назоратии маҳбас тафтишот оғоз шудааст.
Серик Кудебаев аз моҳи январ соли 2020 то моҳи январи соли 2022 дар мансаби сардори пулиси вилояти Алма-Ато иҷрои вазифа кардааст. Пас аз нооромиҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон ба зидди ӯ бо иттиҳоми сӯистифода аз мансаб парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
Пас аз онки додрас аз додгоҳ 9 соли зиндонро бари Кудебаев хост, генерал-майор аз Қазоқистон фирор намуд. Ӯ аввал ғайриқонунӣ марзи Қазоқистон бо Қирғизистонро убур намуда, баъдан ба Туркия паноҳ бурд. Вале 27-уми апрели соли равон додситонии кулли Қазоқистон хабар дод, ки Серик Кудебаев дар Туркия боздошт ва ба Қазоқистон истирдод карда шуд. Ин дар ҳолест, ки наздикони генерал исрор меварзиданд, ки Кудебаев бо хоҳиши худ ба ватан баргаштааст.
28-уми апрели соли 2023 додгоҳи шаҳрии Талдиқӯрғон генерал-майор Серик Кудебаевро бо иттиҳомҳои сӯистифода аз мансаб ва шиканҷаи шаҳрвандон ҳангоми ҳодисаҳои январии соли 2022 ба муддати 10 сол равонаи зиндон намуд.
Илова бар ин 18-уми июли соли ҷорӣ додгоҳи вилоятии Алмаато Кудебаевро барои ғайриқонунӣ убур кардани марзи Қазоқистон боз ба 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Ҳамин тавр пас аз пардохти маблағи 1 миллиону 725 ҳазор танга (воҳиди пули Қазоқистон) генерал-майор Серик Кудебаев бояд 10 солу 3 моҳи дигар дар зиндон боқӣ бимонад.
Шароити маҳбусон дар кишварҳои Осиёӣ миёна яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба шумор меравад.
Чунин ҷудо кардани маҳбусон ба “бою камбағал” дар Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад. Бисёре аз мансабдорони зиндонишуда дар Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони собиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алоҳида аз маҳбусони дигар дар як маҳбаси махсус, ки дар паси бинои раёсати БДА дар шаҳри Душаннбе ҷойгир шудааст, адои ҳукм мекунанд.
Раҳмат барои гузориш!
Мегум и генерала армяшқати турма кардагиян))? Ранги худш гарданғавсои дига қатиш)))