ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР ДАР 5 САДАМАИ РӮЗҲОИ 1-2 СЕНТЯБР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи ду рӯзи 1 ва 2 сентябри соли 2023 дар 5 садама адар Ҳисор, Истаравшан, Норак, Хуҷанд ва Панҷакент дастикам 6 нафар ҷон бохтаанд.
Аз ҷумл шаби 2-юми сентябри соли 2023, тахминан соати 02:00, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», Раҳмонов Улуғбек Маҳмадиевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофири мошини мазкур Умаров Сунатулло Шарипович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Турсунзода, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи мошини мазкур Раҳмонов У.М. низ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Шаби 1-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 22:40, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс-250», Негматов Хуршед Абдуқодирович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», воқеъ дар километри 226-уми ҳудуди деҳаи Яккабоғи ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи «ДАФ», таҳти идораи ронанда Одинаев Ҷомӣ Собирович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири мошини тамғаи «Мерседес», Рустамов Наимбой Юлдошевич, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Субҳи 2-юми сентябри соли 2023, тахминан соати 06:35, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Раҷабов Амиралӣ Мираҳмадович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар километри 50-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 70 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронандаи мошини мазкур Раҷабов А.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони мошини мазкур, шаҳрвандон Карахонова Басонат Зафархоновна, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Кӯлоб ва Саторов Саидюсуф Саидмуҳамадович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Шоми 2-юми сентябри соли 2023, тахминан соати 20:30, мошини тамғаи «БМВ», Уронов Ҷамшед Абдуғаниевич, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Айнӣ ба самти кӯчаи Ҷ.Расулов, қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, дар болои хати пиёдагардони танзимшаванда, пиёдагард Имомализода Самандар Қувваталӣ, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Фархорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Имомализода С.Қ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Шоми 2-юми сентябри соли 2023, тахминан соати 19:20, ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Камри», Қурбонов Шералӣ Ҷамолиддинович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи «Айнӣ-Панҷакент», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Ҳазратқулов Меҳробшоҳ Ҳусейнович, соли таваллудаш 2020, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Ҳазратқулов М.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфта, дар се моҳи охир дар бораи ҳалокати дастикам 120 нафар дар садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. 11 нафари онҳо дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи Файзобод ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.

