БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОНЗАН ДАР ДУШАНБЕ БО ҶУРМИ … АВБОШӢ: МАРДҲОРО КОРД ЗАДААНД (!!!)

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2023
Боздошт гардидани ду зан бо ҷурми содир намудани ҷинояти авбошӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 31-сола ва ҷавони 21-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 2-юми сентябри соли 2023, тахминан соати 09:30-дақиқа, дар кӯчаи Зарафшони пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бо якдигар муноқиша намуда, сипас зани 31-сола бо корд 1-маротиба ба қафаси синаи ҷавони 21-сола задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 35-сола ва марди 33-солаи сокинони пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 3-юми сентябри соли 2023, тахминан соати 19:00, дар хонаи истиқоматиашон бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол намуда, аз ҳиссиёти авбошӣ якдигарро зери лату кӯб қарор дода, зани 35-сола бо корд 1-маротиба ба қафаси синаи марди 33-сола задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани кирдори қаллобии зани 31-сола

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 40-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2019 дар кӯчаи К.Ҷӯраеви ҳамин ноҳия, зани 31-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 12 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати якчанд нафар бо ҷурми дуздӣ
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонони 18, 20, марди 33 ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Конибодом оғоз карда шудааст.
Номбурдагон, шаби 30 ба 31-уми августи соли 2023, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 54-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо асбобҳои сохтмонӣ, 1-адад ноутбуки тамғаи «Асус» ва 2-адад бастаи симро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.