АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ПАЗИРОИИ АҲМАДИ МАСЪУД ДАР ПАРЛУМОНИ РУСИЯ: ОЁ КРЕМЛ ДИДГОҲАШ БА РЕЖИМИ ТОЛИБОНРО ТАҒЙИР МЕДИҲАД?

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар робита ба сафари як ҳайъати Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба Маскав ва пазируфта шудани намояндагони ин гуруҳи зидди Толибон дар Думаи давлатии Русия гуфтааст, ки ҳарчанд Русия муносибатҳояшро бо ҳокимони кунунии Афғонистон бидуни эътирофи расмии ҳукумати Толибон идома медиҳад, вале дар айни замон ҳокимони кунунии Кобул ва намояндагони ақалиятҳои қавмии он кишвари ҷангзадаро ба муколама бо ҳадафи ташкили ҳукумати дар воқеъ фарогир даъват мекунад.

Мария Захарова дар шарҳи боздиди  Аҳмади Масъуд аз Маскав ва мулоқоти ӯ бо Сергей Миронов, раҳбари ҳизби “Справедливая Россия” гуфт:

“Маскав ба таомул (ҳамкориҳои амалӣ) бо ҳукумати кунунии Афғонистон бидуни марбут кардани ин таомул бо эътирофи расмии ин ҳукумат идома медиҳад. Ин ҳукумат тайи ду соли дар қудрат қарор доштанаш тавонии худ барои таҳти назорат нигоҳ доштани вазъи кишвар ва таъмини суботи сиёсӣ дар дохилро намоиш дод.

Бо ин вуҷуд, равандҳои сиёсӣ дар дохили кишвар то ҳол табиати бебозгашт пайдо накардаанд, хатарҳои ҷиддиии марбут ба таҳдиди терроризм, ҳалношуда боқӣ мондани мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои аслӣ боқӣ мондаанд. Дар сурати ба шакли нохушоянд пеш рафтани вазъ аз ин ҳолат метавонанд созмонҳои байналмилалии террористӣ, пеш аз ҳама, ДОИШ, ки нақшаи ба хориҷ аз Афғонистон, аз ҷумла ба Осиёи Марказӣ густариш додани доманаи фаъолиятҳои худро дар сар доранд, сӯистифода кунанд.

Бо дарназардошти ин ҳама,  Кобул ва намояндагони ақалиятҳои қавмии Афғонистонро ба муколама ба хотири ташкили як ҳукумати дар воқеъ фарогир, ки манфиатҳои ҳамаи гуруҳҳои асосии қавмию сиёсии кишварро инъикос карда тавонад, фаъолтар сохтани мубориза бо терроризм ва кишту қочоқи маводи мухаддир ва риояи ҳуқуқи озодиҳои аслии инсон даъват мекунем”.

 Пас аз мулоқоти Аҳмади Масъуд бо Сергей Миронов, матбуоти Русия барои нахустин бор дар Маскав ва он ҳам дар парлумони Русия ҳузур пайдо кардани ин раҳбари ҷабҳаи зидди Толибонро “сенсатсияи сиёсӣ” номида, аз тағйири сиёсати Кремл нисбат ба “Толибон” ҳарф мезананд.

Коршиноси масоили сиёсии Осиёи Миёна ва Афғонистон Андрей Серенко дар як таҳлил дар нашрияи “Независимая газета” чархиши мавқеи Маскав дар қиболи “Толибон”-ро ба чолиш кашида, навиштааст: “Ҳузури Масъуд дар парлумон ва мулоқоти ӯ бо сиёсатмадорони рус гувоҳи он аст, Маскав раванди ба расмият шинохтани “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон”-ро оғоз кардааст”.

Ҳамчунин муаллиф таъкид менамояд, ки Русия пас аз ба сари қудрат расидани гурӯҳи “Толибон” барои аввалин бор роҳбари гуруҳи мусаллаҳеро пазироӣ мекунад, ки дар дохили Афғонистон бар зидди “Толибон” дар ҷанг аст.

Баъзе коршиносон сафари Аҳмад Масъуд ба Маскав ва ҳузури ӯ дар парлумони Русияро оғози робитаҳои расмӣ миёни Кремл ва “Ҷабҳа” ва як қадами муҳим барои муқовимати мусаллаҳона алайҳи гурӯҳи “Толибон” меноманд.

Вале Никита Мендкович, роҳбари марказии таҳқиқотии Авруосиё мегӯяд, “феълан душвор аст, ки дар мавриди сиёсати пешгирифтаи Кремл хулосабарорӣ кунем. Маскав дар моҳҳои наздик мизбони анҷумане мешавад, ки дар назар аст, дар он кишварҳои Осиёи миёна бо “Толибон” вориди гуфтушуниди шаванд. Аз ин рӯ бояд мунтазир шуд, дар он анҷуман чӣ хоҳад гузашт?”

Расонаҳои наздик ба ҳизби “Справедливая Россия” навиштаанд, ки дар дидори худ Миронов бо Масъуд масоили ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон, мубориза алайҳи маводи мухаддир, ифротгароӣ ва терроризм, таҳкими истиқлолияти Афғонистон ва субот дар ин кишварро баррасӣ кардаанд. Роҳбари ҳизби “Справедливая Россия” аз ҷониби худ ва ҳизбаш аз мавқеъи Масъуд ҳимоя карда, падари ӯ Аҳмадшоҳи Масъудро ҳамчун лашкаркаши бузург” тавсиф кардааст ва гуфтааст,  дар парлумони Русия дар моҳҳои наздик нишасте дар мавриди Афғонистон баргузор мекунад ва Аҳмад Масъудро низ ба он даъват менамояд.

Серенко дар Думаи давлатӣ бидуни иҷозати Кремл пазироӣ шудани Масъудро амре номумкин номида, таъкид мекунад, ки “ҳузури Масъуд дар парлумон аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати пешгирифтаи Кремл дар қиболи “Толибон” дар таи ин ду сол бебарор ва бенатиҷа будааст”.

Ба ақидаи муаллиф, русҳо таи ин ду сол бо гумони онки бо “Толибон” забон меёбанд, хеле гузаштҳо кардаанд ва дар Кремл интизор доштанд, ки “Толибон” бо гузашти вақт каме ба худ омада, роҳҳои замонавии расидан ба ҳадафҳои худро интихоб мекунанд, вале ин кор нашуд.

“Дар Маскав умедвор буданд, ки “Толибон” бо гузашти айём ва таҳкими қудрати сиёсии худ дар Афғонистон ба мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аз байн бурдани гурӯҳи террористии ДОИШ даст ба кор мешаванд. Ҳамчунин намояндагони қавмҳои тоҷик ва ӯзбекро низ ба вазифаҳои баланди давлатӣ гузошта, ҳукумати худро бо дигар ақвоми Афғонистон тақсим карда, дар сиёсати худ мавқеи зиддиамрикоиро пеш мегиранд. Аммо дар амал ҳама чиз баръакси интизори Маскав сурат гирифт”, – навиштааст Серенко.

Ба мушоҳидаи ин таҳлилгар, ба ҷои он ки миқдори ҷангҷӯёни ДОИШ коҳиш ёбад, баръакс дар 2 соли охир, шумори ҷанҷгӯёни ДОИШ дар Афғонистон ба карат афзуд, тоҷикҳо ва ӯзбекҳои Афғонистон дар ҳукумати “Толибон” ҷойгоҳи муносиб пайдо накарданд, юар ихтилофи интизори Маскав “Толибон” гуруҳҳои тундравро аз Вазиристони Покистон оварда, дар минтақаҳои ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Миёна, ки дар гузашта ҳамчун “минтақаи буфер”  буд, ҷо ба ҷо карданд. Ба болои ин, қумандони саҳроии гурӯҳи террористие, ки аз Тоҷикистон  асту дар Афғонистон паноҳ бурдааст, алайҳи ҳукумати Тоҷикистон ва нерӯҳои низомии Русия, ки дар Тоҷикистон ҳузур доранд, ҳамлаи терористӣ созмондиҳӣ кард.

Серенко таъкид мекунад, ки шояд ҳамин амалиёт косаи сабри Русияро лабрез намуд ва Русия дар қиболи “Толибон” мавқеи худро тагйир доданист. Аз ин рӯ Маскав ба суроғи Аҳмад Масъуд ва Зиё Ёсин (роҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон), ду шахсияти пурнуфуз ва дорои қувваҳои низомӣ дар дохили Афғонистон рафтааст. Намояндагони Зиё Ёсин дар аввали моҳи август, ҳанӯз пеш аз  Аҳмад Масъуд, аз Маскав дидан карда буданд.

Муаллиф қайд мекунад, ки Русия имрӯз ба шахсиятҳои чун Масъуд ва Ёсин эҳтиёҷ дорад. Аз ин рӯ дар Кремл дарк намуданд, ки ба ҳамкории стратегӣ бо “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон” ва “Ҷабҳаи озодии Афғонистон” барои таъмини амният дар дохили хоки Тоҷикистон, ки пойгоҳи низомиаш дар Душанбе аст, ниёз дорад. Ҳамчунин дар ин масъала манфиати Кремл ва роҳбарони “Ҷабҳа”-ҳо яксон аст.

Аз ин рӯ Маскав бо пуштибонии сиёсӣ ва низомӣ аз ин ду “Ҷабҳа” метавонад ба “Толибон” фишор биорад. Аз сӯи дигар вобастагии иқтисодии “Толибон” аз Амрико Маскавро водор кардааст то дар сиёсати худ нисбат ба ин гурӯҳ бознигарӣ кунад ва “ҳамаи тухмҳо худро дар як сабад нигоҳ надорад”.

Маскав акнун мехоҳад бо гурӯҳҳои мухталиф дар дохили Афғонистон робита барқарор намуда, дар “Бозии бузург”, ки садсолаҳо давом дорад, баранда шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки пас аз ғасби ҳокимияти сиёсии Афғонистон аз сӯи гурӯҳи “Толибон”, ки дар Русия низ гурӯҳи террористӣ шинохта шуда, фаъолияти он мамнуъ аст, Маскав робитаи наздике бо ин гурӯҳ барқарор карда, ҳатто сафаратхонаи Афғонистон дар Маскавро ба дипломатҳои фиристодаи Толибон супурд.

Аҳмад Масъуд, ки писари Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони милии Афғонистон аст, дар хориҷ аз Афғонистон зиндагӣ дошт, вале дар остонаи фирори Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ва забти ҳукумати сиёсӣ аз ҷониби гурӯҳи “Толибон” ба зодгоҳи бобоияш, дараи Панҷшер баргашта, “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон”-ро таъсис дод. Дар 2 соли гузашта Аҳмад Масъуд саъй карда истодааст, то як иттиҳодеро дар байни роҳбарони зидди Толибон низ эҷод кунад.

“Ҷабҳаи озодӣ” баъд аз суқути Кобул ба дасти “Толибон” аз тарафи генерали чаҳорситорадори ҳукумати Ҷумҳурии исломии Афғонистон Ёсин Зиё, ки муовини вазири мудофиа буду ҳамчунин чанд муддат ба унвони раиси ситоди артиш (генштаб) иҷрои вазифа намудааст ташкил карда шуд. Аъзои ин гурӯҳ аслан низомиёни собиқи Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳастанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button