Хабарҳои кӯтоҳ

НАҶОТБАХШ ШУДАН МЕХОҲЕД? ЭЪЛОНИ ҶОИ КОР ДАР КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар раёсати наҷоти Кумита дар вазифаи наҷотдиҳанда озмун эълон мекунад.

Талабот ба номзадҳо

1.Доштани ҳуҷҷати хидмати ҳарбӣ. Яъне касоне пазируфта мешаванд, ки хидмати ҳарбӣ карда бошанд.

2.Мавҷуд набудани мавридҳои манъи пизишкӣ ба корҳои зараровар ва хатарнок бо омилҳои истеҳсолӣ, ҳамчунин корҳое, ки пеш аз иҷро ҳатман муоинаи тиббии пешакӣ ва давраӣ гузаронида мешавад.

3. Доштани маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ.

4. Хуб мебуд агар довталаб шаҳодатномаи ронандагӣ бо фаъолияти яксолаи ронандагӣ, маҳорати кӯҳгардӣ ва омодагиҳо ба роҳандозии корҳо дар об дошта бошад.

 Алгоритми интихоби номзадҳо

Марҳилаи аввал. Пур кардани пурсишнома.

Марҳилаи дуюм. Супурдани меъёрҳои омодагии ҷисмонӣ тибқи меъёрҳои пазируфташуда.

Марҳилаи сеюм. Қарори комиссия дар бораи короям ё ношоиста ба кор будани номзад аз рӯи натиҷаи интихоби аввалия.

Марҳилаи чорум. Гузаштан аз комиссияи тиббӣ.

Афзалиятҳо:

-донистани забонҳои хориҷӣ;

-ронандагони дараҷаҳои ронандагии «B, C, D»;

-кӯҳгардон;

-шиноварон;

-ғаввосон, равоншиносон, иртиботиҳо (алоқачиён).

Имтиёзҳо барои наҷотдиҳандагон:

  • маоши хуб;
  • кафолатҳои суғурта;
  • ҳаққи хидматрасонии тиббии ройгон;
  • ҳаққи нафақа.

Телефонҳо барои маълумотк

 (+992) 884-00-60-67,

(+992)  884-000-160 ва

 (+992)  93-880-28-21.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button