
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе акс ва номи мардеро, ки шаби 31 августи соли 2023 ҳамсари худро бо чанд зарбаи корд захмӣ карда буд, нашр кард. Қаблан хабар дода будем, ки ба ШВКД-1ноҳияи Сино бо ариза зани 47-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат карда, хабар додааст, ки шаби 31-уми августи соли 2023, тахминан соати 01:10а, духтари 29-солаи ӯро, ки дар ҳамин ноҳия зиндагӣ мекунад, дар хонаи истиқоматиаш, ҳамсари 36-солаи ин ҷавонзан бо корд якчанд маротиба ба узвҳои махсусан муҳими баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Дар иттилоияи РВКД ш.Душанбе гуфта мешавад, ки вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур шаҳрванд Калонов Бобоҷон Баширхонович, санаи таваллудаш 10.09.1987, истиқоматкунандаи маҳаллаи Обчакорони ноҳияи Сино дастгир карда шуд.
Милитсия гуфт, дар ҳоли ҳозир, Бобоҷон Калонов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби муноқишаи хунини оилавӣ, бо корд бардоштани шавҳар ба сари ҳамсараш анҷомид, дар иттилоияи милитсияи пойтахт низ шарҳ дода нашудааст. Худи марди дастгиршуда барои шарҳи қазия дастрас нест.
Ин алакай дуюмин ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони ҳамсарон аз сӯи шавҳарони бадҷаҳлашон дар шаҳри Душанбе дар рӯзҳои охир аст.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир кардаанд.
Худи ин мард барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба фарзияи милитсия, ӯ шоми 29-уми августи соли 2023, тахминан соати 19:00, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо собиқ ҳамсараш, зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур вохӯрда, аз ҳиссиёти авбошӣ, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум намудани ҳамсари собиқаш аз дохили мошин як кордро дар ҷайбаш гузошта, ба назди собиқ ҳамсараш омадааст ва бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими қафаси синааш зиёда аз 10 маротиба зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби чунин рафтори тунди шавҳари собиқ нисбат ба ҳамсари собиқаш низ гуфта нашудааст.
Дар ҳарду ҳолат ба шавҳарони бадҷаҳл бар асоси моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои қасдан ва бо бераҳмии махсус расондани осеби вазнин ба саломатӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ва қасди куштори хешовандони наздик, бахусус кушта шудани ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Куштори ҳамсарон дар аксари мавридҳо дар заминаи рашк сурат мегирад.
Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангини хонаводагиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.
Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 24 мавриди одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор ва ҳамчунин 54 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Ин назар ба 39 куштор ва 67 мавриди расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки дар нимаи аввали соли 2022 сабт шуда буд, камтар аст, вале нигаронкунанда боқӣ мемонад.