АфғонистонИқтисодРӯйдодҳои Бадахшон

ГӮШТ – 40 СОМОНӢ, ШАКАРУ БИРИНҶИ АФҒОНӢ – 5 СОМОНӢ: БОЗОРҲО ДАР МАРЗ БО АФҒОНИСТОН ДУБОРА ФАЪОЛ ШУДАНД (10 АКС)

Ҳукумати вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки рӯзи 2 сентябри соли 2023 бозорҳои наздисарҳадии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Ишкошим дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дубора ба фаъолият шурӯъ карданд. Ин бозорҳои наздимарзӣ беш аз 2 сол боз, аз замони дар Афғонистон ба ҳукумат расидани гуруҳи тундрави Толибон баста буданд.

Ҳукумати вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, бозорҳои наздимарзӣ бо дастури супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нав фаъол карда шуданд.

Бино ба иттилои расмӣ, раиси вилоят Алишер Мирзонабот рӯзи 2 сентябр аз бозори наздимарзии маҳаллаи Тем дидан карда, ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои тоҷирони ҳарду ҷониб ба масъулин тавсияҳои иловагӣ додааст. Алишер Мирзонабот таъкид кардааст, ки “дубора ба фаъолият оғоз намудани бозорҳои наздисарҳадӣ ба тавсеаи мубодилаи молу коло байни ду кишвар ва таъмини ҷойҳои нави корӣ мусоидати ҳамаҷониба менамояд”.

Бино ба иттилои расмӣ, намояндагон ва тоҷирони кишвари ҳамсоя аз ин иқдоми нек изҳори хушнудӣ намуда, таъкид доштаанд, ки минбаъд ҷиҳати беҳтару хубтар кардани ҳамкориҳо байни ду давлати ба ҳам наздик талош хоҳанд кард. Дар аксҳои нашркардаи хадамоти матбуоти ҳукумати  вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дида мешавад, ки дар маросими ифтитоҳи дубораи бозори Тем намояндагони мақомоти Толибон, аз ҷумла марзбонҳо аз он сӯи марз, ки дар тан либоси ҳарбӣ доранд, низ иштирок доштанд.

Муовини якуми раиси вилоят Сафарзода Шарифхон Нураҳмад дар суҳбат бо намояндагони давлати ҳамсоя изҳор доштааст, ки бозорҳои наздисарҳадӣ солҳои охир “бо баъзе сабабҳо” баста буданд, вале акнун “бо дастгирӣ ва сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз боз ин бозорҳо дубора ба фаъолияти худ оғоз намуданд, ки ин барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардуми ду кишвар мусоидат хоҳад намуд”.

Дар рафти маросими ифтитоҳи бозорҳо изҳори умедворӣ кардаанд, ки амният дар ин бозорҳо таъмин гардида, ба интиқоли маҳсулоти пастсифт ва ба саломатии инсон зараровар роҳ дода нахоҳад шуд.

Як сокини Хоруғ, ки дар рӯзи аввали дубора фаъол шудани бозори Тем аз ин бозори наздимарзӣ дидан кардааст, ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” нақл кард, ки соҳибкорони афғон бисёре аз маҳсулоти худро бо нархи то 50% арзонтар аз бозори шаҳри Хоруғ ба фурӯш гузошта шуданд.

“Килои гӯшт, барои мисол, 40 сомонӣ буд, килои биринҷи афғонӣ 5 сомонӣ.  Шакар ҳам 5 сомонӣ буд.  Нархи пойафзол то 100 сомонӣ. Молҳои рӯзгор ҳам дар бозори Тем нисбат ба бозори шаҳри Хоруғ 50% арзонтар буд”, – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави Толибон дар тобистони соли 2021 дар рӯзҳои хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти раҳбари паймони НАТО ва Амрико аз Афғонистон ҳукуматро дар ин кишвари ҷангзада дубора ғасб карданд.  Тоҷикистон аз зумраи кишварҳоест, ки мухолифати ошкораш ба режими Толибонро пинҳон намекунад ва ироаи ҷойгоҳи шоиста барои намояндагони ақалиятҳои қавмии Афғонистон, бавижа барои тоҷикони он кишварро аз Толибон талаб дорад. Тоҷикистон ҳамин тавр, дар қаламраваш ба роҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд паноҳ дод ва низ ба таври ошкоро аз ин гуруҳе, ки ба зидди Толибон меҷангад, пуштибонӣ мекунад.

Аммо вақтҳои охир, тавре ба назар мерасад, тамосҳое дар шаклҳо ва сатҳҳои гуногун байни Душанбе ва ҳокимони кунунии Афғонистон ба роҳ андохта шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button