ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВКД РАСИШИ КӮТОҲИ НОҚИЛҲО ДАР БАЙНИ РАСТАҲОИ ЧӮБУ ТАХТАРО САБАБИ СӮХТОР ДАР ТАХТАБОЗОРИ ҲИСОР НОМИД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабари сӯхтор дар тахтабозори Ҳисорро шарҳ дод ва гуфт, сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ байни растаҳои чӯбу тахта будааст.

Бино ба иттилои ВКД, субҳи барвақти 31-уми августи соли 2023, соати 04:16, дар ҳудуди ҶДММ бозори масолеҳи сохтмонии “Ҳисор”, воқеъ дар кӯчаи ба номи Уроқ Аловуддинови шаҳри Ҳисор сӯхтор ба амал омад.

Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян гардид, ки сӯхтор нуқтаҳои савдои чӯбу тахта ва хизматрасонӣ дар масоҳати 400 метри мураббаъро фаро гирифта, хафви паҳншавии он ба дигар нуқтаҳои савдо ба миён омадааст.
ВКД гуфт, дар натиҷаи сафарбар намудани қувва ва воситаҳо сӯхтор дар масоҳати аввалааш бо пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Дар хабар ҳамчунин гуфта мешавад, ки сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ байни растаҳои чӯбу тахта буда, зарари ҳодисаи сӯхтор аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад. Тафсилоти дигар дода нашудааст.

Як рӯз қабл хабар расида буд, ки сӯхтор дар тахтабозори Ҳисор аз соати чори субҳи 31 август оғоз ёфта, чандин соат тӯл кашидааст ва барои рафъи сӯхтор дастаҳои оташнишонӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Ваҳдат ҷалб шудаанд.

Дар видеоҳои дар Интернет нашршуда дида мешуд, ки аз тахтабозор алангаи дуду оташ ба осмон баланд шуда истодааст ва чандин дӯконе, ки ба шакли шипанг сохта шудаанд, дар коми оташ қарор доранд.

Шаҳри Ҳисор бо тақрибан 33 ҳазор аҳолӣ дар 25-километрии ғарби Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар маркази водии Ҳисор, дар соҳили дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Канали калони Ҳисор ҷойгир шудааст. Бозори масолеҳи сохтмонии Ҳисор, маъруф ба “тахтабозори Ҳисор” яке аз бузургтарин бозорҳои масолеҳи сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 581 ҳодисаи сӯхтор сабт шудаааст, ки ин назар ба 476 сӯхтори нимаи аввали соли қаблӣ 106 сӯхтор бештар аст. Имсол дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар Тоҷикстон 18 нафар, аз ҷумла 9 ноболиғ ҷон бохта, ба моликияти давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон ба маблағи 9 миллиону 376 ҳазор  сомонӣ зарари моддӣ расидааст. Соли гузашта ҳарчанд теъдоди ҳодисаҳои сӯхтор камтар буд, вале зарари расондаашон хеле бештар: 14 миллиону 484 ҳазор сомонӣ баровард шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button