ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

ЯК ҶАВОНЗАН БО ВАЪДАИ БА ҲАҶ ФИРИСТОДАН 43 НАФАРРО ФИРЕБ ДОДААСТ

Додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 31 августи соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук аз боздошти ҷавонзане хабар дод, ки беш аз 40 нафарро бо ваъдаи ба Ҳаҷ фиристодан фиреб дода, ба онҳо ба маблағи даҳҳо ҳазор доллар зарари моддию маънавӣ расондааст.

Бино ба иттилои додситонӣ, шаҳрванд Каримзода Саида Азизулло, санаи таваллудаш 04 декабри соли 1991, зодаи вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зарбдор, деҳаи Давлатобод, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаи Фалакон, бешавҳар, соҳиби 1 фарзанд, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба дидаю дониста, ки иҷозати зиёрати Ҳаҷҷи фарзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи дини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, ба боварии шаҳрванд Ҷумаев Ҷума Қурбонович даромада, моҳи марти соли 2023 аз номбурда маблағи 94 000 сомонӣ гирифта ваъда намудааст, ки ӯро бо ҳароҳии ҳамсараш ба Ҳаҷҷи фарзӣ ба зиёрати Каъба равон менамояд.

Шаҳрванд Каримзода С.А. аз шаҳрванд Ҷумаев Ҷума Қурбонович барои ҷой доштани камбудиҳо дар ҳуҷҷатҳояш боз маблағи 1500 доллари ИМА гирифта, 18 июни соли 2023 бо ҳамроҳии шаҳрванд Ҷумаев Ҷ.Қ., ҳамсараш ва 10 нафар шаҳрвандони дигар ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафта, муайян намудаанд, ки ба ному насаби шаҳрванд Ҷумаев Ҷума Қурбонович ва дигарон бинобар сабаби ҷой надоштани иҷозати сафар намудан ба АМА, аз онҷо баргардонида мешаванд.

Аммо Каримзода Саида шаҳрванд Ҷумаев Ҷума ва ҳамсарашро ба зиёрати Ҳаҷҷи фарзӣ равон накарда, аз баргардонидани маблағҳо саркашӣ намуда, бо ин кирдораш ба номбурдагон зарар ба маблағи 94 000 сомонӣ ва 1500 доллари ИМА ба миқдори махсусан калон расонидааст.

Инчунин, Каримзода Саида Азизулло бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба боварии шаҳрванд Абдуллоев Парвиз Файзуллоевич ва 41 нафар шаҳрвандони дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон даромада, барои зиёрати умраи Каъбаи шаҳри Риёзи АМА фиристонида, ваъда менамояд, ки маблағи 27 ҳазору 500 доллари ИМА-ро аз ҳисоби маблағҳои пардохтнамудаи онҳо барои хизматрасонӣ, аз қабили меҳмонхона, хурду хӯрок, хароҷоти нақлиёт ва дигар хароҷот мефиристонад.

Аммо Каримзода Саида Азизулло ба ҳар баҳона маблағи 27 ҳазору500 долари ИМА-ро ирсол накарда, пас аз баргаштани шаҳрвандон ин маблағҳоро барнагардонида, аз додани пул саркашӣ кардааст ва бо ин амалҳои худ ба шаҳрванд Абдуллоев Парвиз Файзуллоевич ва 41 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зарарҳои моддии гуногун расонидааст.

Додситонии Душанбе гуфт, бо назардошти он, ки дар кирдори Саида Каримзода аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 247, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон    пешбинишуда бараъло дида мешавад, нисбаташ бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд ва ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 68 сомонӣ) ваё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Худи Саида Каримова ваё наздиконаш барои шарҳи ин қазия дастрас нестанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button