СиёсатТоҷикистонЧеҳраҳо

БОЗДОШТИ НАВИСАНДАИ ШИНОХТАИ ТОҶИК АБДУҚОДИРИ РУСТАМ

Абдуқодири Рустам, нависанда ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик ва  масъули шуъбаи кадрҳои беморстони “Ибни Сино” шоми 31 августи соли 2023 ҳангоми берун рафтанаш аз ҷои кор аз ҷониби кормандони Додситонии кулли Тоҷикистон дастгир шудааст. Мақомот то кунун боздошти Абдуқодири Рустамро шарҳ надодаанд, вале чанд корманди бемористони “Ибни Сино” гуфтанд, ки чӣ гуна дастгир шудани Абдуқодири Рустамро ба чашми худ дидаанд.

“Бояд бо мо биравед, бо шумо суҳбат карданианд”, – гуфтанд кормандони мақомот баъди нишон додани ҳуҷҷатҳои худ ба устод Абдуқодири Рустам. Он кас ҳам нею нестон накарда, ба мошини онҳо нишастанд ва рафтанд”, – нақл кард яке аз шоҳидон рӯзи 1 сентябри соли 2023 дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод”.

Аммо нависандаи шинохтаро баъди “суҳбат” ҷавоб надоданд. Наздиконаш дар бораи дар куҷо ва дар кадом шароит қарор додани ӯ изҳори бехабарӣ мекунанд. Мақомоти додситонӣ низ шарҳ надодаанд, ки Абдуқодири Рустам мушаххасан ба чӣ айбдор мешавад?

Аммо ҳадси аксар ин аст, ки боздошти ӯ дар чорчӯби парвандаи мудири бемористони “Ибни Сино” Абдухалил Холиқзода сурат гирифтааст. Холиқзода рӯзи 7 августи соли 2023, дар пайи баҳси гарме, ки китоби хотираҳои ӯ бо номи “Ҳаводиси рӯзгори ман” барпо кард, бо  иттиҳоми барангехтани кинаву адоват дар заминаи маҳалгароӣ дастгир шуд.

Дар ҷараёни баҳси барпошуда Холиқзодаро дар намунаи қиссаи як ҷавонзани ховалингии 100 сол пеш дар даврони гурезагиашон дар Афғонистон аз ҷониби як қизилбош таҷовуз шуданаш айбдор карда буданд, ки гӯё дар китобаш намояндагони минтақаҳои дигарро паст задааст.

Рӯзи 1 сентябр радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) посухи расмии Додгоҳи олии Тоҷикистонро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, ки додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 11-уми август амри боздошти Абдухалил Холиқзодаро содир кард ва додситонӣ зидди ӯ бар пояи моддаи 189-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз кардааст. Бар асоси айбномаи эълоншуда, Абдухалил Холиқзода ба он айбдор мешавад, ки гӯё “бо гуруҳе аз афрод бо маслиҳати пешакӣ ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, динӣ ва маҳалгароӣ” машғул шудааст. Холиқзода ин иттиҳомро рад мекунад, вале ба ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 189 аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Абдуқодири Рустам муҳаррири асосии ҳарду китоби ёддоштҳои Абдухалил Холиқзода буд ва моҳи марти соли ҷорӣ дар маросими рӯнамоии китоби ҷанҷолбарангехтаи “Ҳаводиси рӯзгори ман” ҳамроҳи муаллиф иштирок дошт.

Абдуқодири Рустам 13 октябри соли 1958 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, риштаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ӯ чандин сол дар нашриёти “Ирфон” ва дар авоили солҳои 90 дар ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” кор карда, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як муддат дар Русияву Қазоқистон зиндагӣ ва дар дафтари хабаргузории эронии ИРНО дар Алма-Ато кор кард. Солҳои охир дар бемористони “Ибни Сино” фаъолият дошт.

Абдуқодири Рустам яке аз нависандагони забардаст дар адабиёти муосири тоҷик шинохта шуда, муаллифи чанд ҳикояву қиссаву повестҳост. Аввалин китобаш бо номи «Бурси дуреша» соли 1986 дар нашриёти «Ирфон»  ба нашр расида, соли 2003 дар Алма-Ато китоби ӯ бо номи «Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар» чоп шуд.

Абдуқодири Рустам китоби донишманди қаблазинкилобии рус А. Шишов «Таджики»-ро ба тоҷикӣ тарҷума ва соли 2ғ5 дар Алма-Ато нашр карда, соли 2007 боз ҳам дар АлмаАто «Девон»-и Рӯдакӣ”-ро бо як шарҳи муфассал ба чоп расонд. Соли 2010 дар нашриёти «Шуҷоиён» китоби «Чойхонаи „Роҳат“. Қисса ва ҳикоёт барои хониши пеш аз хоб» аз чоп баромад. Соли 2018 Абдуқодири Рустам романи «Пойҳо ва рӯйҳо»-ро ба табъ расонид.

Абдуқодири Рустам ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хеле фаъол буд. Ӯ ҷасурона ба  масоилу ҳаводиси  доғи Тоҷикистон мепардохт ва  назари худро низ ҷасурона баён мекард.

Вале як моҳи охир зоҳиран ба далели мушкилоте, ки болои сари роҳбари бемористони “Ибни Сино” омад, аз шабакаҳои иҷтимоӣ канора гирифта буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button