ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЁФТ ШУДАНИ ҶАСАДИ ТИФЛИ ЧИЛРӮЗА ДАР ВАРЗОБ: ШУМОРИ ҚУРБОНИЁНИ СЕЛ БА 21 ТАН РАСИД

Шумори қурбониёни селу боришоти ахир дар Тоҷикистон ба 21 нафар расид. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 30 августи соли 2023 аз ёфт шудани боз 4 ҷасад хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 29 август боз ду ҷасадро дар канори шаҳри Ваҳдат ва ду ҷасади дигар, аз ҷумла ҷасади як тифли чилрӯзаро дар ноҳияи Варзоб пайдо кардаанд.

Дар бораи чӣ гуна ва аз куҷо ёфт шудани ин 4 ҷасад тафсилот дода нашудааст.

Ба ин тартиб, шумораи умумии ҳалокшудагон бар асари селу боришоти рӯзи 27 август дар деҳоти атрофи шаҳри Ваҳдат ба 17 нафар расид. Дастикам 11 нафари онҳоро ҳамон рӯз дар деҳаи селзадаи Сириштии ҷамоати Симиганҷ пайдо карда буданд. Ду нафари дигар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва тавре ахиран маълум шуд, ду каси дигар дар ноҳияи Варзоб қурбони сел шудаанд.

Аммо шумораи қурбониёни сел метавонад боз ҳам бештар бошад. Қад-қади шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд мардум чанд рӯз боз чандин нафареро ҷустуҷӯ доранд, ки дар пайи он сели наҳси шоми 27 август бедарак шудаанд. Аз ҷумла падару писар Баҳовиддин Ҳайдаровҳо, сокинони деҳаи Гузари Моғиёни ҷамоати Моғиёни Панҷакент шоми 27 август бо мошини ҷипи “”Тойота Ленд Крузер” азми сафари Душанбе доштанд, вале дар роҳ бедарак шудаанд.

Нимаи дуюми 27 август Тоҷикистон дучори боришоти шадиде шуд, ки он ба навбати худ мавҷи селу сангрезро дар пай дошт. Дар натиҷа, дастикам 21 нафар ҷон бохта, офатҳои табиӣ хонаҳо, мошинҳо, роҳҳову пулҳо ва ҳамчунин ҳавлиҳо ва заминҳои киштро хароб кард. Ҳоло барои ҳисобу китоби ҳаҷми зарари расида ба мардум ва иқтисоди кишвар ва расондани ёриҳои лозим ба зарардидагони сел як комиссияи давлатӣ таъсис дода шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button