ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶомеа

РУСИЯ АЗ БОЗДОШТИ ДУ МУТТАҲАМ ДАР ҚАТЛИ БОНКДОРИ ТОҶИК ХАБАР ДОД

Рӯзи 29 августи соли 2023 дар Маскав мулоқоти вазирони корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон Владимир Колоколтсев ва Рамазон Раҳимзода доир шуд.

 МВД Медиа хабар дод, ки Владимир Колоколтсев дар ин дидор фаъолтар шудани ҳамкории ду вазоратро дар соли ҷорӣ таъкид карда, чанд намунаи ҳамкориро дар чорҷӯби амалиёти байнидавлатии “Ҷустуҷӯ” мисол овардааст. Аз ҷумла, гуфтааст вазири рус,  дар натиҷаи чорабиниҳои муштарак ду нафари муттаҳам дар қатли як бонкдори тоҷик дастгир шуда, аз фаъолияти як гуруҳи ҷиноӣ, ки дар шаҳру вилояти Маскав ба тамаъҷӯӣ ва фиреб додани муҳоҷирони тоҷик машғул буд, ҷилавгирӣ карда шуд.

Дар айни замон, Владимир Колоколтсев аз ҷониби Тоҷикистон даъват кард, то барои муайян кардани макони будубош ва ба Русия супурдани ҷинояткороне, ки дар қаламрави Тоҷикистон пинҳон шудаанд, тамом корҳои лозимро анҷом бидиҳанд.

Колоколтсев номи дастгиршудагон дар парвандаи куштори бонкдори тоҷикро наовард, вале ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои русаш асосан мушкилоти муҳоҷирони тоҷик ва масъалаи боздошти Дилшод Саидмуродов,  мулаққаб ба “Дилшоди Красавчик” ва “Дилшоди СБ”, муттаҳами асосӣ дар рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоевро дар миён хоҳад гузошт.

Муайян карда шудааст, ки “Дилшоди Красавчик” баъди содир кардани ин ҷиноят ҳамроҳи аҳли оилааш ба Маскав парвоз кардааст ва барои ин ҳатто аз хидмати толори СИП-зали фурудгоҳи Душанбе истифода бурдааст.

Манобеи “Бомдод” мегӯянд, ки “Дилшоди Красавчик” қабл аз рабудани Исматуллоев ҳам дар саффи зархаридони ЧВК “Вагнер” дар Украина меҷангид ва баъди фирораш аз Тоҷикистон низ дар яке аз пойгоҳҳои зархаридон дар қаламравҳои ишғолшудаи Украина пинҳон шудааст. Бовар меравад, ки баъди ҳалокати  фармондеҳони ЧВК “Вагнер” бар асари суқути ҳавопаймояшон имкони дастгир кардану ба Душанбе овардани “Дилшоди Красавчик” бештар шудааст.

Шуҳрат Исматуллоев шоми 23 июни соли 2023 аз назди манзилаш дар маҳаллаи “8 Март” дар маркази Душанбе рабуда шуда,  баъди чанд соати шиканҷа ҷон дод. Ҷасади аз сӯи одамрабоён ба дарёи Зарафшон партофтаи ӯро баъди 50 рӯзи ҷустуҷӯҳо, рӯзи 12 август аз соҳили Зарафшон дар ҳудуди ҷамоати Саразми Панҷакент, дар наздикии марз бо Ӯзбекистон пайдо карданд. Маросими намози ҷанозаи Шуҳрат Исматуллоев рӯзи чоршанбе, 30 август, вақти намози пешин дар масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ахиран гуфт, аз 16 узви гуруҳи ҷиноие, ки Исматуллоевро рабуданд, 13 нафараш дастгир шудаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, мақомот ба даст доштан дар ин ҷиноят аз ҷумла Рустам Холиқов, раиси собиқи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва Қамар Азизов, шарики тиҷоратии Шуҳрат Исматуллоев ва бародари ҳунармандони гуруҳи овозадори “Анис”-ро гунаҳкор мекунанд.

Рустам Ашӯров, яке аз одамрабоён, , дар охирин занги телефонӣ ба модараш аз фурудгоҳи Кишинёв баъди куштани ду афсари молдован ва пеш аз боздошти худаш эътироф карда буд, ки онҳо Исматуллоевро барои биткоинҳояш, ки ба маблағи 100-200 миллион доллар будааст, рабуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button