ВидеоКоррупсия

РАИСИ НАВИ НОҲИЯИ ҒАФУРОВ БЕШ АЗ 70 ҚАРОРИ РАИСИ ҚАБЛИРО БЕКОР КАРДААСТ

Нусратулло Салимзода, раиси нави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки моҳи январи соли 2023 ба ин мақом таъйин шуд, бо судури як қарор беш аз 70 қарори раиси қаблии ин ноҳия Зафарбек Давлатзодаро дар мавриди ҷудо  кардани қитъаҳои замин бекор кардааст. Аксари ин қитъаҳои замин барои сохтмони марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, таъсиси корхонаҳо ва биноҳои маишиву хоҷагиҳои деҳқонӣ ба соҳибкорони маҳаллӣ ҷудо шуда буд. Соҳибкорон акнун дар ташвишанд, ки  барои гирифтани қитъаи замин бояд аз сари хат тамоми идораҳои дахлдорро бигарданд ва дигарбора дасти ҳар як мансабдореро, ки зери санадашон имзо мегузорад, аз нав “сафед” кунанд.

Як соҳибкор аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, барои гирифтани қарори як пора замин дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов зиёда аз 20 ҳазор доллар сарф кардааст, аммо имрӯз қарораш бекор шудаву худаш дар ба дари  додгоҳии иқтисодӣ барои барқарор намудани қарори заминаш сарсону саргардон аст. Ӯ мегӯяд: “Барои гирифтани як қарори раиси ноҳия оид ба ҷудо кардани қитъаи замин камаш аз 10 корхонаву ташкилот хулосаву иҷозат мегирӣ, ҳамаи он хулосаҳо масрафи худро дорад. Масалан пеш аз ҷудо шудани қитъаи замин кумитаи замин ва корхонаи фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳия (МБТИ)  санади ҷудо намудани заминро медиҳад, сармеъмори ноҳия хулосаву нақшаи кулли иншоотро тартиб ва тасдиқ мекунад, баъд аз он хулосаву иҷозатҳои шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия, шабакаҳои барқи ноҳия, шуъбаи санитарӣ ва эпидемиологии ноҳия, идораи хоҷагии оби ноҳия, кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳия, идораи сухторхомӯшкунии ноҳия ва пешниҳоди ҷамоатро гирифта, баъд дар охир қарори раиси ноҳия содир мешавад. Мо ҳайронем,, ки баъди гирифтани розигӣ ва хулосаи мусбии ҳамин қадар ташкилот, ки ҳамааш барои мо, соҳибкорон, хароҷоти беҳуда аст, раиси нави ноҳияи Салимзода боз чӣ камбудие дар ҳуҷҷатҳои мо ёфтаву қарори моро бекор кардааст?”

Соҳибкорони норозӣ барои додхоҳӣ ба назди муовини якуми раиси ноҳия Ҳакимзода Ҳомидҷон ва ҳуқуқшиноси ҳукумати ноҳия Тӯхтасунзода Д.  рафтаанд, вале онҳо гуфтаанд, ки ҳамаи  ин қарорҳо бо супориши махсуси раиси ноҳия Салимзода Нусратулло бекор карда шудааст ва барои ҳалли масъала метавоннад танҳо ба худи ӯ муроҷиат кунанд.

Дар ҳукумати ноҳия гуфтаанд, Нусратулло Салимзода аз Додситонии кулли Тоҷикистон хостааст, ки ин қарорҳоро мавриди санҷиш қарор диҳанд ва камбудиҳояшро ёфта, эътирози прокурорӣ намоянд.  Баъди ин муроҷиат ду корманди Додситонии кул ба ноҳияи Ғафуров омада, ҳамаи қарорҳоро аз нав омӯхтаанд ва бар асоси натиҷаи арзёбиашон эътироз пеш овардаанл. Гуфта мешавад, ки қарорҳои раиси қаблӣ бар асоси натиҷаҳои ҳамин арзёбӣ бекор карда шудаанд.

Вале соҳибкорон мегӯянд, барои гирифтани ин қитъаҳои замин давутози зиёд карда, вақту пули зиёд ҳам сарф карданд ва ҳоло ба ҷои қитъаи замин танҳо сертификати он дар дасташон мондааст. “Мо айни ҳол дар кӯчаи сарбаста мондаем ва намедонем, ки ин қарору шаҳодатномаҳои ҳуқуқи истифодаи заминамонро чӣ кор кунем?” – мегӯянд ин соҳибкорон.

Масъалаи замин дар шароити Тоҷикистони камзамин, ки аҳолиаш беист меафзояд, ба як масъалаи хеле доғ ва ҳатто ба як мушкили №1 барои ин кишвар табдил ёфтааст. Ҷои пинҳон кардан ҳам нест, ки як манбаи бузургтарини коррупсия дар Тоҷикистон низ ҳамин тақсими қитъаҳои замин барои сохтани хона ё иншооти тиҷоратӣ шудааст.

Ҳар сол бар асоси эътирозҳои прокурорӣ садҳо гектар замини ғайриқонунӣ тақсимшуда  ба “ҳолати аввалааш” баргардонида мешавад. Дар бисёр ҳолат мақомот барои ба “ҳолати аввалааш баргардондан” хонаву дар ва мағозаву марказҳои тиҷоратии алакай сохташударо ба замин ҳамвор мекунанд, ки норозигии сокинонро ба бор меорад.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо шаҳри Ғафуров, 11 ҷамоат ва 400 ҳазор аҳолиаш пураҳолитарин ноҳияи вилояти Суғд ва тамоми Тоҷикистон ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button