ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ПИСАРИ ХУДРО КОРД ЗАДАНИ СОКИНИ РӮДАКӢ ВА МАСТИЮ ЗАНОЗАНӢ ДАР ЧОЙХОНАИ КОНИБОДОМ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 30 августи соли 2023аз ошкор шудани ду ҳолати қасдан расондани осеби вазнин ба саломатии шаҳрвандон хабар дод.

Аз ҷумла ба ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 60-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намуда, хабар додааст, ки шоми 27-уми августи соли 2023, тахминан соати 19:50, қудояш марди 53-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ писари 33-солаашро дар хонаи истиқоматиаш бо корд 3 маротиба ба аъзои баданаш задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар бораи сабабҳои муноқишаи падар бо писар дар хабар чизе гуфта нашудааст. Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.
Ҳамчунин Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом оғоз карда шуд.

Номбурда, 22-юми августи соли 2023, тахминан соати 01:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ ҳангоми дар чойхона қарор доштанаш, бо марди 46-солаи сокини шаҳри мазкур муноқиша намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, бо дасту пояш ба аъзои бадани охирон якчанд маротиба зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Дар бораи сабабҳои муноқишаи ин ду сокини Конибодом дар хабар чизе гуфта нашудааст.  Тафсилоти дигари занозанӣ дар чойхона маълум нест.

ВКД гуфт, тафтиши ин ду қазия идома дорад.

Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 24 мавриди  одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор ва ҳамчунин 54 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Ин назар ба 39 куштор ва 67 мавриди расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки дар нимаи аввали соли 2022 сабт шуда буд, камтар аст, вале нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button