ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ НОБОЛИҒ ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНҲОИ РАҲГУЗАР ДАР ҶАЙҲУН ВА РӮДАКӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 28-уми августи соли 2023, тахминан соатҳои 18:00, ронандаи мошини тамғаи “Лексус”, Сайқиёмзода Нурмуҳаммад, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ ба самти ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Мақбулов Аҳмад Асадуллоевич, соли таваллудаш 2014, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Мақбулов А. ба саломатияш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки 28-уми августи соли 2023, тахминан соати 11:30, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс-200”, Баҳодурзода Сорбон Хуршед, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе – Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Муҳиддинова Ситора Ҷӯрабоевна, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, Муҳиддинова Ситора ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфта, дар се моҳи охир дар бораи ҳалокати дастикам 120 нафар дар садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. 11 нафари онҳо дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи  Файзобод ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button