ДУЗДИИ СЕ САР ЧОРВОИ СОКИНИ ФАЙЗОБОД ВА СЕ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ ЯК МИЛЛИОН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 30 августи соли 2023
Боздошт гардидани ду нафар бо ҷурми дуздии чорво
Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 58-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 22 ба 23-юми августи соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи ҷамоати деҳоти Алиев, 3 сар чорвои калони шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 36 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 33 ва 31-солаи сокинони ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2022 марди 38-солаи сокини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 309 ҳазору 260 сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки бар ивазаш 650-адад дари хонаҳои истиқоматӣ медиҳад, аммо аз ин 93 ҳазору 800 сомониро баргардонида, боқимонда 256 ҳазору 460 сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 25-уми январи соли 2023, марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 236 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки аз хориҷи кишвар 2-адад автомашинаҳои сабукрави тамғаи «Хундай Аксент» оварда медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе моҳи марти соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ маҳсулоти сохтмониро ба маблағи 324 ҳазору 550 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш манзили навсохти истиқоматии дуҳуҷрагиро дар ҳудуди маҳаллаи Зарафшон медиҳад.
Аммо номбурда, масолеҳи гирифтаашро ба дигар шахсон фурӯхта, дар ин давом 80 ҳазор сомонӣ ба ҷабрдида додаааст, боқимонда 244 ҳазору 550 сомониро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.