ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

САФАРИ ГЕНЕРАЛ РАҲИМЗОДА БА МАСКАВ: 1) БАРОИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК”; 2) СУҲБАТ БО МУҲОҶИРОН

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковник Рамазон Раҳимзода рӯзи 28 августи соли 2023 бо мақсади баррасии мушкилоти муҳоҷирони тоҷик ва баррасии масъалаи таъқибу боздошти Дилшод Саидмуродов,  мулаққаб ба “Дилшоди Красавчик” ва “Дилшоди СБ”, муттаҳами асосӣ дар рабудан ва қатли бонкдори маъруфи тоҷик Шуҳрат Исматуллоев ба Маскав сафар кардааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  рӯзи 29 август дар иттилоия гуфт, сафари генерал Раҳимзода ба Маскав бо супориши президент Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, дар рафти ин сафар мулоқоти ӯ бо вазири корҳои дохилии Русия генерал Владимир Колоколсев пешбинӣ гардидааст.
“Ҳангоми вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории ду вазорат оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, проблемаю мушкилот, ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии қонуншиканиҳо нисбати онҳо, инчунин масъалаи дастгир намудани ҷинояткор Саидмуродов Д. вобаста ба гаравгон ва куштори муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ мегардад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмии ВКД.

Шуҳрат Исматуллоев шоми 23 июни соли 2023 аз назди манзилаш дар маҳаллаи “8 Март” дар маркази Душанбе рабуда шуда,  баъди чанд соати шиканҷа ҷон дод. Ҷасади аз сӯи одамрабоён ба дарёи Зарафшон партофтаи ӯро баъди 50 рӯзи ҷустуҷӯҳо, рӯзи 12 август аз соҳили Зарафшон дар ҳудуди ҷамоати Саразми Панҷакент, дар наздикии марз бо Ӯзбекистон пайдо карданд.

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ахиран гуфт, аз 16 узви гуруҳи ҷиноие, ки Исматуллоевро рабуданд, 13 нафараш дастгир шудаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, мақомот ба даст доштан дар ин ҷиноят аз ҷумла Рустам Холиқов, раиси собиқи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва Қамар Азизов, шарики тиҷоратии Шуҳрат Исматуллоев ва бародари ҳунармандони гуруҳи овозадори “Анис”-ро гунаҳкор мекунанд.

Бино ба фарзияи тафтишот, роҳбарии гуруҳи одамрабоёнро Дилшод Саидмуродов,  мулаққаб ба “Дилшоди Красавчик” ва “Дилшоди СБ”, корманди собиқи мақомоти мухталифи ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бар уҳда дошта, баъди куштану ба дарё партофтани ҷасади Исматуллоев ба Русия паноҳ бурдааст. Манобеи “Бомдод” мегӯянд, ки “Дилшоди Красавчик” қабл аз рабудани Исматуллоев ҳам дар саффи зархаридони ЧВК “Вагнер” дар Украина меҷангид ва баъди фирораш аз Тоҷикистон низ дар яке аз пойгоҳҳои зархаридон дар қаламравҳои ишғолшудаи Украина пинҳон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Русия  хабар дод, ки вазири дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, ки  бо сафари корӣ дар шаҳри Москва қарор дорад, рӯзи 28 августи соли 2023 дар бинои сафорат дар Маскав бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия, намояндагону фаъолони ин ҷамъиятҳо ва чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё аз ҳисоби ҳамватанони муқими кишвари иқомат баргузор шудааст.

Сафорат гуфт, “дар рафти мулоқот доир ба масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба вежа корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ, риояи талаботи қонунгузории Русия, тартиби ҳуҷчатгузорӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ табодули афкор сурат гирифта… аз намояндагони ташкилоту ҷамъиятҳо ҷиҳати тақвият додани равобит ва ҳамкориҳо бо ҳамватанон, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ ба мақсади пешгирӣ аз амалҳои номатлуб даъват ба амал оварда шуд”.

Мулоқоти генерал Раҳимзода бо намояндагони муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар ҳолест, ки дар моҳҳои охир рейдҳои мақомоти он кишвар ба зидди муҳоҷирон, аз ҷумла ба зидди тоҷикҳо хеле афзоиш ёфтааст. Моҳи июн Рамазон Раҳимзода бо ирсоли як барқия ба ҳамтои русаш Колоколтсев хостори риояи қонун ва эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷараёни ин рейдҳо шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button