ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳонҶомеа

НОРОҲАТИИ МАНСАБДОРОНИ ҚАЗОҚ АЗ РАФТОРИ СОКИНОНИ ОСТОНА ДАР НАМОИШИ МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН (ВИДЕО)

Чанд мансабдори баландпояи қазоқ аз рафтори сокинони Остона, пойтахти Қазоқистон дар намоишгоҳи меваҳои тоҷикӣ изҳори нороҳатӣ карданд. Ёдовар мешавем, рӯзи 26 августи соли 2023, дар анҷоми ин намоишгоҳ, вақте ба сокинон пешниҳод шуд, ки меваҳои аз Тоҷикистон овардаву ба шакли пирамида зиннатдодашударо бепул бигиранд, бархе сокинон ба беназмӣ роҳ дода, барои гирифтани меваҳои дилхоҳи худ меваҳои дигарро дар сари роҳашон поймол карданд.

Муовини сарвазир ва вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон Тамара Дуйсенова рӯзи 29 август дар ҳошияи ҷаласаи ҳукумат дар шарҳи ин моҷаро ба хабарнигорон гуфт: “Ростӣ, ман ҳам нороҳат шудам аз ин. Чунки мо, сокинони Қазоқистон, ҳамеша бо фарҳанг ва ҳусни таҳаммули худ шуҳрат доштем. Мо ҳамеша дуруст рафтор карда метавонистем”.

Дуйсенова афзуд,  ки ҳама бад рафтор накарданд: “Албатта, на ҳамаи қазоқистониҳо чунин рафтори нохуб карданд. Вале онҳое ҳам буданд, ки кори нохуб карданж. Онҳо бояд рӯи рафтори худ кор кунанд. Чунин рфтор дар кишварҳои дигар низ рух медиҳад. Мову шумо бояд бифаҳмем, ки барои обрӯи кишвари худ масъулият дорем”.

Рӯзи 28 август ҳокими Отсона Женис Қосимбек ин ҳодисаро “вандализм” номид ва аз он изҳори нороҳатӣ кард, ки бархе сокинони Қазоқистон ба вайрон кардани тартибот роҳ доданд.

“Ин баёнгари фарҳанги паст ва поймол кардани меҳнати дигарон аст. Ба иллати рафтори нохуби бархе одамон доғи ин ҳодиса ба рӯи тамоми сокинони Остона афтод”, — гуфт шаҳрдори пойтахти Қазоқистон. Ӯ аз пулис талаб кард, ки вайронкунандагони тартиботро муайян карда, ҳатман ба ҷавобгарӣ бикашонанд.

Ёдовар мешавем, аз 23 то 26 август дар шаҳри Остона, дар чорчӯби Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон, намоишгоҳи меваҳои Тоҷикистон доир шуд. Аз вилояти Суғд барои ин намоиш беҳш аз 1000 тонна меваҳои гуногун оварда, дар ҳавлии ЭКСПО аз ин меваҳо пирамидаҳои зебо дуруст карда буданд.

Аз ин намоишгоҳи меваҳои Тоҷикистон президентҳои ҳарду кишвар ҚосимЖомарт Тоқаев ва Эмомалӣ Раҳмон дидан карданд.  Дар яке аз видеоҳои нашршуда дида мешуд, ки Тоқаев аз бепул гирифтани меваҳо даст кашид ва  бо нею нестони фурӯшандаи тоҷик нигоҳ накарда, ҳамёнашро ба дасти ӯ дод, то пули меваҳояшро бигирад. “Ман дар ҳамаҷо пуламро худам медиҳам”, таъкид кард Тоқаев ба мевафурӯши тоҷик.

Аммо беназмӣ вақте оғоз ёфт, ки ҷониби Тоҷикистон, ташкилкунандаи намоишгоҳи меваҳо ба тамошобинон пешниҳод кард, ки метавонанд бепул аз ин меваҳо бичашанд ва ҳамчунон бепул бо худ бибаранд. Ин боиси ба болои пирамидаи меваҳо фурӯ рехтани издиҳоми бузург шуд. Албатта, бисёриҳо бидуни ҳамҳама аз як лаби пирамида миқдоре меваҳои тоҷикиро ҳамчун армуғон бо худ гирифтанд. Вале мутаассифона, онҳое ҳам буданд, ки нафси худро идора карда натавониста, бидуни ҳеҷ ибо ё шарм, ба хотири ба даст овардани меваҳои дилхоҳашон ба болои меваҳои дигар пой монда, себу ангур ва меваҳои дигари аз роҳи дур, аз Тоҷикистон ҳамчун армуғон барои сокинони Остона овардашударо поймол карданд.

Мксад Жанабоев, намояндаи шаҳрдории Остона дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, азбаски меваҳои Тоҷикистон дар Қазоқистон қариб фурӯхта намешаванд, мардум хеле дилаш мехост, ки аз ин меваҳои ширин бичашад.

“Ва вақте дӯстони тоҷики мо гуфтанд, ки меваҳо дар зери офтоб вайрон мешаванд ва хубаш, мардум бепул бигиранд, ҳар кас хост, ки аз ин меваҳо бичашад ва болои меваҳо фурӯ рехтанд”,–  гуфт Жанабоев. Муовини сардори раёсати рушди соҳибкории шаҳрдории Остона таъкид кард, ки 1000 тонна меваи аз Тоҷикистон ба пойтахти Қазоқистон овардашуда дар байни ҳамагӣ 2 рӯз ба фурӯш рафт ва аз намоиши меваҳои Тоҷикитон дар умум беш аз 100 ҳазор нафар дидан кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button