ҶАНОЗАИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВРО РӮЗИ 30 АВГУСТ БА ХОК МЕСУПОРАНД

Маросими намози ҷанозаи муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев рӯзи чоршанбе, 30 август, вақти намози пешин дар масҷиди Сариосиё, воқеъ дар маҳаллаи “8 Март” дар маркази шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора дӯстони бонкдори марҳум дар Интернет хабар доданд.
Дар бораи инки оё ӯро дар кадом оромгоҳи Душанбе ба хок месупоранд ваё барои дафн ба зодгоҳаш, шаҳри Кӯлоб мебаранд?, чизе гуфта нашудааст.
Шуҳрат Исматуллоев, ки 49 сол дошт, дар гузашта раҳбари намояндагии ширкати пулфиристии “Вестерн Юнион” дар Тоҷикистонро бар уҳда дошта, чандин соли охир муовини аввали раиси “Ориёнбонк” ва амалан дасти рости раиси ин бонк Ҳасан Асадуллозода буд. Ӯро одамрабоён шоми 23 июн аз назди хонааш дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 нафар ба мошини рангаш сиёҳи “Ҳюндай Соната” бор карда, ба як манзили аз пеш ба иҷора гирифтаашон ба деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурдаанд. Баъди 7 соати шиканҷа, соати сеи шаби 24 июн Исматуллоев ҷон додааст.
Одамрабоён ҷасади ӯро ҳамроҳи мошин ба дарё партофта, ба ҳар тараф фирор кардаанд. Аз ҷумла рӯзи 24 июн, билофосила баъди куштани Шуҳрат Исматуллоев Дилшод Саидмуродов ва Акбар Ахмедов ба Маскав ва Шоҳрух Хоҷаев ба Туркия парвоз кардаанд. Рӯзи 25 июн Рустам Ашӯров, нафари чоруме, ки дар рабудани Исматуллоев иштироки бевосита дошт, ба Туркия ва аз онҷо рӯзи 30 июн ба Молдова фирор кард. Вале ӯро ба Молдова роҳ надоданд ва Ашӯров аз тарси ин ки ӯро бозпас мефиристанд туфангчаи марзбони молдованро кашида гирифта, ӯ ва як подполковник аз хадамоти амнияти фурудгоҳи Кишинёвро кушт. Ашӯров сипас ҳангоми боздошташ 10 тир хӯрд ва рӯзи 3 июл дар бемористон ҷон дод.
Рустам Ашӯров дар охирин занги телефонӣ ба модараш аз фурудгоҳи Кишинёв баъди куштани ду афсари молдован ва пеш аз боздошти худаш эътироф карда буд, ки Исматуллоевро Дилшод Саидмуродов ши канҷа дода кушт ва ӯ мурдаашро бурда, ба дарё партофт. Ашӯров гуфт, онҳо Исматуллоевро барои биткоинҳояш, ки ба маблағи 100-200 миллион доллар будааст, рабуданд.
Ҷасади аз сӯи одамрабоён ба дарёи Зарафшон партофтаи Шуҳрат Исматуллоевро баъди 50 рӯзи ҷустуҷӯҳо, рӯзи 12 август аз соҳили Зарафшон дар ҳудуди ҷамоати Саразми Панҷакент, дар наздикии марз бо Ӯзбекистон пайдо карданд.
Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ахиран гуфт, аз 16 узви гуруҳи ҷиноие, ки Исматуллоевро рабуданд, 13 нафараш дастгир шудаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, мақомот ба даст доштан дар ин ҷиноят аз ҷумла Рустам Холиқов, раиси собиқи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва Қамар Азизов, шарики тиҷоратии Шуҳрат Исматуллоев ва бародари ҳунармандони гуруҳи овозадори “Анис”-ро гунаҳкор мекунанд.
Бино ба фарзияи тафтишот, роҳбарии гуруҳи одамрабоёнро Дилшод Саидмуродов, мулаққаб ба “Дилшоди Красавчик” ва “Дилшоди СБ”, корманди собиқи мақомоти мухталифи ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бар уҳда дошта, баъди куштану ба дарё партофтани ҷасади Исматуллоев ба Русия паноҳ бурдааст. Манобеи “Бомдод” мегӯянд, ки “Дилшоди Красавчик” қабл аз рабудани Исматуллоев ҳам дар саффи зархаридони ЧВК “Вагнер” дар Украина меҷангид ва баъди фирораш аз Тоҷикистон низ дар яке аз пойгоҳҳои зархаридон дар қаламравҳои ишғолшудаи Украина пинҳон шудааст.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аз 28 август бо сафари корӣ дар Маскав қарор дорад. Қарор аст, ӯ бо ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев аз ҷумла масъалаи боздошту истирдоди Дилшод Саидмуродовро дар миён гузорад. Бовар меравад, ки баъди ҳалокати фармондеҳони ЧВК “Вагнер” бар асари суқути ҳавопаймояшон имкони дастгир кардану ба Душанбе овардани “Дилшоди Красавчик” бештар шудааст.
Алҳамдулиллоҳ ва салоту ва салому ало расулиллоҳ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ҳамоно маргу зиндагӣ дар дасти Худост, мо ҳама халқи ӯем ва ба сӯйи ӯ бозмегардем ва ҳамаи умурро ӯ муҳокима хоҳад кард, бегумон ҳокими одилу тавоно Аллоҳи алиму ҳаким аст. Аз аллоҳи мутаъол мехоҳем, ки Шӯҳрат Исматуллоевро раҳмату мағфират намояд, гуноҳҳонашро бубахшад, қабрашро пурнур гардонад, фирдавси ҷовидонаро насибаш гардонад, омин!!!