ВидеоИқтисодТоҷикистонҲодиса

ДАР ВАҲДАТ БОЗ 4 ҶАСАД ЁФТАНД: ШУМОРИ ҚУРБОНИЁНИ СЕЛ ДАР ТОҶИКИСТОН БА 17 НАФАР РАСИД

Дар ҷараёни баргузории корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷасадҳои боз 4 нафари дигар дарёфт шуданд. Ҳамин тариқ, теъдоди қурбониёни офати табиӣ дар Тоҷикистон ба 17 нафар расид.

Тавре ки рӯзи 29 августи соли 2023 роҳбари хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ ба “Аsia Рlus” хабар дод, ҷасди 3 зан ва 1 мардро дар қаламрави ҷамоатҳои ба номи Н.Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат пайдо кардаанд.

“Ҷасадҳо барои муайян кардани шахсияти онҳо ба ихтиёри мақомоти дахлдор супурда шуданд”, – хабар доданд дар Кумита.

Қаблан бар асари офати табиӣ аз ҳалокати 13 нафар – 11 кас дар Ваҳдат ва боз 2 нафари дигар дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дода шуда буд.

Ба гуфтаи Умеда Юсуфӣ, чанде пеш аз ҷониби кормандони КҲФ бо ҷалби 350 нафар сокинони маҳаллӣ хатҳои обрасон, кӯчаву роҳ ва 25 манзил дар ҷамоатҳои дар боло зикршуда аз лойқаву сангреза тоза карда шуданд.

“Роҳи мошингарди Ваҳдат – Ромит аз лойқаи сангу гил пурра тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ барқарор карда шуд”, – зикр кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, шаби 29 август боришоти зиёд сабаби ба роҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш фурӯ рехтани сел ва зери об мондани километрҳои 94 ва 96 даар мавзеи Қумак, километрҳои  113 ва 115 дар мавзеи Хамаланго ва километри 140 дар мавқеи Сариқоши ноҳияи Нуробод шудааст.

Умеда Юсуфӣ дар шарҳи ин ҳодиса  гуфт:  “Дар натиҷа роҳ масдуд шуда, равуои нақлиёт манъ шуд. Бо кумаки роҳсозон роҳро алакай тоза кардаанд ва равуои нақлиёт барқарор карда шуд. Сел ҳамчунин ба каналу купрукҳо ва заминҳои кишти мардум дар деҳаи Тегирмии ҷамоати Меҳробод ва деҳаи Зорони ҷамоати Муҷахарфи ноҳияи Нуробод зарар расондааст. Хушбахтона, бар асари ин офат касе осеб надидааст ва ягон хона вайрон нашудааст”.

Сухангӯи Кумита ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи 28 август сел дар ноҳияи Ёвон 6 хонаро дар деҳаи Гулистон-2 дар ҷамоати Даҳана ва деҳаи Гулафшон-3 зери гилу лой кардааст. Дар деҳаҳои  18-ум Партсъезли нршияи  Хуросон 25 ҳавлӣ хери сел монда, дар деҳаи Сабзазори ин ноҳия сел шабакаи обрасониро хароб кард.

Дар деҳаи Куҳдоман-1 дар ноҳияи Фархор бар асари боришот 100 сар чорвои хурд нобуд шуда, 3 ҳавлӣ зери гилу лой мондааст.

Тохтутози селу боронгарӣ дар Тоҷикистон аз 27 август идома дорад. Бино ба пешбинии ҳавошиносон, рӯзҳои наздик хатари омадани селҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии мамлакат, ба истиснои вилояти Хатлон ва шарқи ВМКБ боқӣ мемонад. Ба ин далел аз сокинон хоста шудааст, ки дар ин рӯзҳо аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва ҷӯю селроҳаҳоро аз пеш тоза кунанд.

Ҳамин тавр, аз сайёҳон ҳам хоста шудааст, ки бахусус дар кӯҳистон хеле эҳтиёт бикунанд.

Фото КЧС РТ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button