АСОСГУЗОРИ “ИСЛОҲ ТВ” МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИНРО ДАР БЕМОРИСТОН ХОБОНДААНД

Умар Муҳаммадиқболиён, фарзанди Муҳаммадиқболи Садриддин, асoсгузор, сардабир ва муҷрии асосии барномаҳои “Ислоҳ ТВ”, як канали пуртамошобини оппозитсионӣ, шоми 28 августи соли 2023 бо нашри ду акс хабар дод, ки падарашро пас аз зуҳри душанбе, 28 август дар шуъбаи эҳё ё реаниматсия бистарӣ кардаанд. Муҳаммадиқболи Садриддин бо аҳли хонаводааш аз соли 2017 дар Фаронса ба сар мебарад. Дар аксҳои нашршуда Муҳаммадиқболи Садриддин дар ҳолати хоб ё мадҳушӣ дар рӯи кати бемористон дида мешавад.
“Пас аз зуҳри рӯзи 28.08.2023 падарам аз ҳуш рафтанд. Намози зуҳрро хондем ва ҳолашон бад шуд. Чанд рӯзи охир хело машғули навиштан ва расидагии ҳолати мардум буданду қариб ки хоб намекарданд. Ҳоло дар шуъбаи эҳё (реанимация) қарор доранд. Табибон талоши худро доранд, бо дуъо бошед!” – навиштааст бидуни ироаи ҷузъиёти бештар Умари Муҳаммадиқболиён.
Муҳаммадиқболи Садриддин соли 1978 дар хонаводаи Қаландар Садурдин, яке аз асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ба дунё омадааст.
Бар асоси таърихи расмии ҲНИТ, тасмими таъсиси ин ҳизб бори аввал соли 1974 маҳз дар як нишасти Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо 4 тан аз ёрони наздикаш дар манзили Қаландар Садурдин дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло – Бохтар) дар ҷануби Тоҷикистон ба миён омадааст.
Муҳаммадиқболи Садриддин солҳои 90, дар пайи шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ҳамроҳи падару модар ва дигар аъзои хонаводаашон ба Афғонистон паноҳ бурда буд. Баъди бозгашт як муддат ба тиҷорат машғул шуд, вале соли 2012, дар пайи ба зиддаш кушодани парванда тарки кишвар карда, як муддат дар Қирғизистону Қазоқистон ва Беларус ба сар бурд ва соли 2017 ба Фаронса паноҳ овард. Ӯ дар инҷо сомонаи “Ислоҳ” ва баъдан канали “Ислоҳ ТВ”-ро таъсис дод. “Ислоҳ ТВ” яке аз комёбтарин тарҳҳои матбуотии оппозитсияи тоҷик дар хориҷ ба шумор меравад ва бисёре аз барномаҳои он дар Ютуб ва дигар платформаҳои Интернет ҳар кадом даҳҳо ҳазор ва бархеаш садҳо ҳазор тамошобин ҷамъ меорад.
Хабари ба бемористон афтодани асосгузори “Ислоҳ ТВ” дар ҳолест, ки ӯ дар солҳои охир ба ҳадафи №1 барои мақомоти Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Дар Тоҷикистон ба зидди ӯ дар робита ба солҳои соҳибкориаш бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва чанд нафар иддао ҳам кардаанд, ки гӯё Муҳаммадиқболи Садриддин онҳоро ба маблағи ба маблағи 430 ҳазор доллар фиреб додааст. Худи Муҳаммадиқболи Садриддин ин иддаоҳоро рад мекунад ва мегӯяд, дар асл он даъвогарон аз вай қарздоранд.
Ҳомиёни ҳуқуқ низ парвандаи қаллобиро танҳо як ҳила мешуморанд, то ба истирдоди ӯ аз Фаронса ноил шаванд.
Қарор аст, моҳи сентябри соли 2023 додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо як сафари расмӣ аз Фаронса боздид ва масоили мубориза бо терроризму ҷиноятҳои фаромиллиро бо сарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти ин кишвар баррасӣ мекунад. Аммо бовар меравад, ки як ҳадафи умдаи сафари додситони кулли Тоҷикистон ба Порис дар миён гузоштани масъалаи Муҳаммадиқболи Садриддин бо мақомоти фаронсавист.

