КОРДЗАНӢ ДАР ТАРАБХОНА, ДУЗДИИ ПУЛ АЗ БОЗОРИ “КӮШОНИЁН” ВА МАРКАЗИ САВДОИ “САДБАРГ”
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 28 августи соли 2023
Бо корд захмӣ гардидани ҷавони 23-сола дар натиҷаи муноқиша

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 26 ба 27-уми августи соли 2023, тахминан соати 03:30-дақиқа, дар дохили яке аз тарабхонаҳо марди 28 ва ҷавони 24-солаи сокинони шаҳри Душанбеву ноҳияи Восеъ, аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ муноқиша намуда, сипас яке аз онҳо бо корди дар дасташ буда, 1 маротиба ба дасти ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ифшо гардидани якчанд ҳолати ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки дар давоми моҳи августи соли 2023, дар чанд марҳила шахси номаълум вориди мағозааш дар бозори “Кӯшониён” шуда, аз онҷо 24 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 31-солаи сокини пойтахт содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи зани 29-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 24-уми августи соли 2023, тахминан соати 16:40-дақиқа, дар дохили маркази савдои “Садбарг”, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили ҷузвдонаш ҳамёнашро, ки дар дохили он 16 ҳазору 250 сомонӣ буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани кирдори қаллобии марди 53-сола
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 44-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2021, марди 53-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 240 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

