ҲАЛОКАТИ 11 НАФАР ДАР СИМИГАНҶ ВА 2 ТАНИ ДИГАР ДАР РӮДАКӢ БАР АСАРИ СЕЛУ БОРОН (ВИДЕО+АКСҲО)

Бар асари селу боришоти шадиди рӯзи 27 августи соли 2023 дар Тоҷикистон 13 нафар, аз ҷумла 11 нафар дар канори шаҳри Ваҳдат ва 2 нафари дигар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои расмӣ, президент Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонаводаҳо ва бозмондагони қурбониёни ин офати табиӣ изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба сарвазир Қоҳир Расулзода, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш додааст, ки ба оилаҳои шахсони дар натиҷаи офати табиӣ баҳалокатрасида кумак расонида, доир ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки бар асари селу боронгариҳои шоми 27 август 11 сокини деҳаи Сириштии ҷамоати деҳоти Симинганҷ лар канори шаҳри Ваҳдат ҷон бохта, 2 нафари дигарро, ки савори як мошин зери сел монданд, сокинон наҷот додаанд. Ба иттилои кумита, сел дар Ваҳдат ба вижа ба ҷамоатҳои Нӯъмон Розиқ, Ромит ва Симиганҷ ва дар ноҳияи Рӯдакӣ ба деҳаҳои Обшорон, Зафар, Меҳробод, Маърифат ва Чоряккорон зарар расонидааст. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, барои кӯмак ба осебдидагон як комиссияи давлатӣ бо раҳбарии муовини сарвазир ташкил шудааст.
Нимаи дуюми рӯзи 27 август дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон дар пайи боришоти шадид сел омад ва харобиҳои зиёд ба ҷо гузошт.
Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS), масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи пулакии ҷумҳурӣ ва ягона роҳи заминӣ байни шимол ва маркази Тоҷикистон субҳи 28 август хабар дод, ки дар натиҷаи борони шадиди рӯзи 27 август, иши шадиди борон, ки боиси омадани сел ва сангрезӣ шуд, роҳи Душанбе – Чаноқ низ осеби ҷиддӣ дидааст ва кормандони ширкат тамоми кӯшишро ба харҷ додаанд, то ронандагону мусофирон сари вақт ба макони бехавф интиқол дода шаванд.
IRS баъдан иловатан хабар дод, ки ҳоло роҳ кушода буда, корҳои бартарафсозӣ идома дорад.

