ДАРГУЗАШТИ БОБОИ ДОНА, ЯКЕ АЗ СОБИҚАДОРОНИ ҲИЗБИ МАМНӮИ НАҲЗАТ (ВИДЕО)

Дониёр Набиев, маъруф ба бобои Дона, яке аз собиқадорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ), рӯзи 27 августи соли 2023 дар синни 82 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” Саидисҳоқ Бобоев, яке аз фаъолони мухолифин хабар дод. Бино ба иттилои ӯ, бобои Дона нимаи дуюми рӯзи якшанбе, 27 август ҷон додааст ва ҷанозаи ӯро субҳи 28 август, соати 10 ба хок супурдаанд.
Бобои Дона, сокини деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ 27 августи соли 2020 бо иттиҳоми ба хонаводаҳои аъзои зиндонии ҲНИТ расондани кумакҳое, ки аз хориҷ равон мекарданд, боздошт ва моҳи декабри ҳамон сол ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо алакай баъди 8 моҳи ҳабс, дар санаи 23 апрели соли 2021 ӯро ба иллати бемории сил доштанаш аз зиндон ҷавоб доданд.
Дар се соли пеш маҳкум ба зиндон шудани як нафари солхӯрдаи дар синни 80 ва он ҳам бо ҷурми расондани кумакҳо ба хонаводаҳои зиндониён мавҷи интиқодҳо аз мақомоти Тоҷикистонро барангехт ва ба ин мавзӯъ созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон низ таваҷҷуҳ карданд.
Дар посух ба ин интиқодҳо ВКД Тоҷикистон рӯзи 8 январи соли 2021 бо пахши як изҳорот гуфт, додгоҳ Дона Набиевро гӯё дар ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ гунаҳкор шинохтааст.
ВКД ҳамчунин гуфт, Дона Набиев “дар сохтори собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳайси “қозӣ” фаъолият намуда, сокинони бегуноҳи ҷумҳуриро ба ҷазоҳои вазнинтарин, ҳатто то ҳукми қатл, маҳкум мекард” ва “дар куштори оммавии сокинони маҳаллии вилояти Хатлон иштирок кардааст.” Ба гуфтаи ВКД, бар асоси созишномаи сулҳи соли 1997 ин амалҳои Набиев мавриди афв қарор гирифтанд, вале ӯ баъди манъи фаъолияти ҲНИТ дар соли 2015 низ ба амалҳои зиддиқонуниаш идома дода, аз ҷумла пулҳои аз ҷониби хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ҷудошударо дарёфт ва “барои паҳнкунии ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард;” ва гӯё “миқдори муайяни маблағҳоро тавассути ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирии молиявии аъзоёни қаноти ҷангии ташкилоти террористии собиқ ҲНИ – «Ҷамоати Ансорруллоҳ» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол додааст”.
Аммо ҲНИТ ба дунбол изҳороти ВКД дар мавриди Бобои Донаро ”сиёсӣ, комилан беасос ва туҳмати ошкор” номида, рад кард. ҲНИТ гуфт, бобои Дона дар ҷанги шаҳрвандӣ аслан ширкат надошт ва ба ҷое ҳиҷрат ҳам накарда буд.
“Дар сохтори ҲНИТ дар ҳеҷ замоне симате ба унвони Қозӣ вуҷуд надошт, бино бар ин, иддаои ВКД ҳақиқат надорад”, – гуфта мешуд дар изҳорот.
ҲНИТ ҳамчунин дар раддияаш ҳар навъ иртиботи худ бо “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро рад карда, гуфт, “ҲНИТ ҳеҷ гуна неруи низомие дар ҳеҷ кишваре, ба хусус Афғонистон надорад.” ҲНИТ дар айни замон таъкид кард, ки “ирсоли маблағҳо аз тарафи хонавода, наздикон ва аъзои ҲНИТ ба хонаводаи зиндониёни сиёсӣ аслан ҷиноят нест ва таъкид мекунем, ки бобои Дона, агар кумаке карда, аз хешовандону наздикон ва аъзои ҲНИТи дар хориҷ буда дарёфт кардааст ва ҳеҷ рабте ба хадамоти махсуси ягон кишвар надорад.”
Фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 дар пайи саркӯби ошӯби ноком ба раҳбарии муовини вазири дифоъ генерал Абдуҳалим Назарзода расман манъ карда шуд. Мақомот ҲНИТ-ро ба ташкил ва роҳбарии ин шӯриш айбдор карданд. Аммо роҳбарони ҲНИТ, ки ҳоло асосан аз Аврупо фаъолият мекунанд, ҳар навъ даст доштани худ дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро рад карда, мегӯянд, мақомот ин ошӯбро ҳамчун баҳона барои аз саҳна рӯфтани бузургтарин ҳизби мухолифи ҳукумати кунунӣ сӯиистифода бурданд.
Баъди манъи фаъолияти ҲНИТ даҳҳо узви он дар Тоҷикистон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда, садҳо тан аз пайравону ҳаводоронаш тарки Тоҷикистон карданд.


Ин “бузургтарин” ҳизб чӣ қудрате дорад? Оё қудрати сиёсӣ дорад? Агар бале, пас чаро дӯмаш аз ватан бурида шуд? Ҳизби мамнӯъ не, ҳизби тарсӯ, ҳизби фирорӣ, ҳизби дӯмбурида, ҳизби ноком, ҳизби рӯ ба сӯйи теҳрон, ҳизби бебарнома, бедурнамо, бесалоҳият, бемасъулият…ҳизби мунтазир, хок бар сари чунин ҳизбе, ки қадами номуборакаш сабаб шуд, ки эмомалиро бар гурдаи миллат савор кунанд.