ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗАИ САХТ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН БО АФҒОНИСТОН

Субҳи 28 августи соли 2023, соати 09:35 ба вақти маҳаллӣ, дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ хабар дод, ки маркази заминларза дар 243-километрии ҷанубушарқи шаҳри Душанбе дар қаламрави Афғонистон ҷойгир шуда, шиддати зилзила дар марказаш тибқи ҷадвали Рихтер, 4 балл ва дар Душанбе 2 баллро ташкил дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, ин офати табиӣ ягон хисорот ба ҷо нагузоштааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои пойгоҳи Еarthquaketrack.com, ки заминларзаҳо дар саросари дунёро ба сурати зинда пайгирӣ ва сабт мекунад, маркази заминларзаи ахир дар 47-километрии шарқи маркази вулусволӣ, ё ноҳияи Фархори вилояти Тахори Афғонистон, дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шуда буд. Бино ба маълумоти ин пойгоҳ, шиддати зилзила дар марказаш тибқи ҷадвали Рихтер 4,8 баллро ташкил додааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 5 заминларза,  дар як моҳи охир 23 заминларза ва дар як соли охир 247 заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардааст.

Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон, дар вилояти Бадахшон, дар марз бо Афғонистон рух медиҳанд.

Вале заминларзаи  аз ҳама пурхисорот шаби 23 марти соли 2023 дар Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт рух дод. Бар асари ин офати табиӣ, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Ахиран Иттиҳоди Аврупо шумори умумии сокинони зарардида аз ин заминларзаи моҳи март дар Тоҷикистонро беш аз 2200 нафар баровард кард. Қарор буд, барои пояи кумакҳои хориҷӣ то поёни моҳи августи соли ҷорӣ барои осебдидагони ин офати табиӣ хонаҳои нав сохта шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button