4 КУШТА ВА 3 ЗАХМӢ ДАР 3 САДАМАИ РӮЗҲОИ 25 ВА 26 АВГУСТ ДАР ВОСЕЪ, ЛАХШ ВА ДЕВАШТИЧ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 25 август ва рӯзи 26 августи соли 2023 дар се садама дар ноҳияҳои Восеъ, Лахш (собиқ Ҷиргатол) ва Деваштич (собиқ Ғончӣ) 4 нафар ҷон бохта, дастикам 3 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Шаби 25-уми августи соли 2023, тахминан соати 23:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Назаров Хисрав Бердимуродович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи мошинаш набаромада, ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба мошини тамғаи “Мерседес Бенс 313”, таҳти идораи Саъдии Мурод, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Кӯлоб бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи “Опел-Астра”, Назаров Х.Б. ва мусофираш Холмуродзода Бахтовар Зиёвуддин, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари мошин Хоҷаев Файзалӣ, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Кӯлоб, Шарифов Мустафо Сафархонович, соли таваллудаш 1998 ва ронандаи “Мерседес Бенс 313” Саъдии Мурод ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Субҳи 26-уми августи соли 2023, тахминан соати 08:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел Астра”, Аслонов Фатҳулло Шодибекович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Лахш”, дар ҳудуди деҳаи Дуағбаи ноҳияи Лахш, аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Сурхоб чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Аслонов Ф.Ш., ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаааст. Мусофири ноболиғи ин мошин Маҳмадшоев Мустафо Фозилович, соли таваллудаш 2010, сокини ноҳияи Лахш дар дарёи “Сурхоб” ғарқ гардида, пас аз ду соат ҷасади номбурда дар масофаи 5 километр поёнтар дарёфт карда шудааст.
26-уми августи соли 2023, тахминан соати 16:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Ашка» (Opel Astra H, ё Astra III), Расулов Абдуаҳад Бозорбоевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Истаравшан, дар ҳудуди ноҳияи Деваштиҷ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинашро ба канори чапи роҳ баромада чаппа кардааст. Дар натиҷа, ронанда ба иллати бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфта, дар се моҳи охир дар бораи ҳалокати дастикам 120 нафар дар садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. 11 нафари онҳо дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи Файзобод ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.


Садамаҳои нақлиётии Тоҷикистон аз “доъиш”-у “картел”-ҳои Амрикои лотинӣ пешсаф аст. Роҳҳои тангу харобу вайрона, бо нуқсонҳои техникӣ ва бидуни муоинаи давлатӣ рондани автомобил, бо ҷаримаи ночиз ва додани порра рӯпуш кардани қонуншиканию қоидавайронкунӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт боиси афзоиши садамаҳои нақлиётӣ хоҳад шуд.