ВИДЕО: ИЗДИҲОМ ДАР ШАҲРИ ОСТОНА МЕВАҲОИ БЕПУЛ АЗ ТОҶИКИСТОНРО ЗЕРИ ПОЙ КАРД

Матбуоти Қазоқистон бо нашри видео аз намоишгоҳи меваҳои Тоҷикистон дар майдони назди ЭКСПО дар шаҳри Остона аз рафтори сокинони пойтахти кишвари худ изҳори нороҳатӣ карданд. Ба навиштаи расонаҳо ва корбарони қазоқистонӣ, сокинон нисбат ба меҳмонон ва туҳфаҳои аз роҳи дур, аз Тоҷикистон овардаи онҳо беҳурматӣ карданд.
Пирамида аз меваҳо яке аз бахшҳои аз ҳама пуртамошобин дар ҷараёни Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон буд, ки аз 23 то 26 августи соли 2023 бахшида ба солгарди сиюми истиқрори равобити дипломатии ду кишвар доир шуд.
Аз ин намоишгоҳи меваҳои Тоҷикистон президентҳои ҳарду кишвар ҚосимЖомарт Тоқаев ва Эмомалӣ Раҳмон дидан карданд. Аммо беназмӣ вақте оғоз ёфт, ки ҷониби Тоҷикистон, ташкилкунандаи намоишгоҳи меваҳо ба тамошобинон пешниҳод карданд, ки метавонанд бепул аз ин меваҳо бичашанд ва ҳамчунон бепул бо худ бибаранд.
Ин боиси ба болои пирамидаи меваҳо фурӯ рехтани издиҳоми бузург шуд. Албатта, бисёриҳо бидуни ҳамҳама аз як лаби пирамида миқдоре меваҳои тоҷикиро ҳамчун армуғон бо худ гирифтанд. Вале мутаассифона, онҳое ҳам буданд, ки нафси худро идора карда натавониста, бидуни ҳеҷ ибо ё шарм, ба хотири ба даст овардани меваҳои дилхоҳашон ба болои меваҳои дигар пой монда, себу ангур ва меваҳои дигари аз роҳи дур, аз Тоҷикистон ҳамчун армуғон барои сокинони Остона овардашударо поймол карданд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла корбарони қазоқистонӣ, чунин рафтори шаҳрвандонро ба боди шадиди интиқод кашида, бефарҳангӣ ва беҳурматӣ нисбат ба меҳмонон аз Тоҷикистон унвон карданд.
“Ин марди бечора яқинан дар умраш тарбузро надидааст ва тарбузи бепулро дида, ихтиёрашро аз даст додааст”, – навиштааст бо киноя як корбари қазоқ.
“Худоё, бори дигар бефарҳангии худро ба намоиш гузоштанд”, – менависад дигаре.
“Меваҳоро поймол карданд. Як нафар барои як дона тарбуз шуда, ангуру меваҳои дигарро зери по кард. Охир, метавонист аз фурӯшанда хоҳиш кунад, ки як тарбузаш бидиҳанд. Ин хӯрокворист, мардум онро мехӯранд, вале бархе меваҳоро поймол мекунанд. Увол аст охир! Ин беҳурматӣ ба зазмати дигарон аст. Фурӯшанда муаддабона илтимосашон мекунад, ки “меваҳоро зери по накунед!” Чӣ тавр метавон меваро поймол кард? Даҳшат! Ваҳшиҳо!”, – навиштааст як корбари дигари қазоқ дар майдони шарҳи зери видео.
Муболиға накунед, агар Қазоқистон дар Душанбе як чунин намоишгоҳи орд ташкил намояд, айнан чунин аксуламалро хоҳем дид. Худи мо тоҷикон, ки “фарҳанг”-и волотар аз “космос”-ро дорем, дар ҷашнҳои наврӯзӣ дар Душанбе болои оши палави бепул кашмокашу бизанубигир сурат мегирид. Аммо, ҳайфи меваҳои бепул, ки аз дасти деҳқонони тоҷик ба зӯр кашида гирифта, ба чунин намоишгоҳҳои зоҳирпарастӣ бурда мешаванд.
Инҷо фақат хабарнигор хабарро расондааст тамом ягон гапи воҳима нест. Чаро инқадар пасту худкамбинед, ҳарчи шавад худро аз дигарон паст мезанед
Инҷо ягон гапи хиёдатӣ нест масалан нагуфтааст ки мо тоҷикҳо инхел нестем ва унҳо инхеланд
Мушкил дар ” АЙНАК” и шумо аст ки тира мебинед
Ҳар кас дунёро аз манзар(ақлу фаҳму дарку шууру зеҳният)и худ мебинад