Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДУ КУШТА ВА СЕ ЗАХМӢ БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “ОПЕЛ” БО “МЕРСЕДЕС СПРИНТЕР” ДАР ҲУЛБУК (2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки нимашаби 25 августи соли 2023, тақрибан соати 23:50, бар асари бархӯрди ду мошини “Опел” сабукрав дар ҳудуди шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ ду нафар ба ҳалокат расида, се тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба иттилои ин ниҳод, нимашаби 25 августи соли 2023, тақрибан соати 23:50 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зада, дар бораи рух додани садама дар шаҳраки Ҳулбук хабар додаанд.

Дар инҷо як мошини сабукрави тамғаи  “Opel Astra”, таҳти идораи ронандаи 40-сола бо мошини тамғаи “Mercedes Benz Sprinter”,  таҳти идораи сокини 32-солаи деҳаи Кӯҳнашаҳри ҷамоати Зарбдори шаҳри Кӯлоб бархӯрдааст. Дар натиҷаи садама 2 нафар – ронанда ва мусофири “Опел” дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат раисда, 3 нафари дигарро бо ҷароҳатҳои мухталифи ҷисмонӣ дар бемористони марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ кардаанд.

Ба ҷои ҳодиса гуруҳи наҷотбахшони навбатдор аз шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар навоҳии минтақаи Кӯлоб сафарбар гашта, бо кумаки таҷҳизоти махсус ҷасадҳои ҳалокшудагонро аз дохили мошин берун овардаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳамаи ронандагон хостааст, ки дар роҳҳо аз ҳадди ақсари эҳтиёт кор гирифта, тамоми қоидаҳои ҳаракат ва ҳам суръатро қатъиян риоя кунанд.

Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфта, дар се моҳи охир дар бораи ҳалокати дастикам 120 нафар дар садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. 11 нафари онҳо дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи  Файзобод ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button