БОЗДОШТИ РӮҲОНИИ СУННӢ ДАР ЭРОН МАВҶИ ЭЪТИРОЗҲОРО БА ВУҶУД ОВАРД (ВИДЕО)

Пас аз боздошти Мавлавӣ Фатҳимуҳаммади Нақшбандӣ, як рӯҳонии пурнуфузи аҳли суннат ва ҷамоат аз ҷониби маъмурони амниятии Ҷумҳурии исломии Эрон мавҷи эътирозҳо дар устони Систону Балуҷистон дар шарқи ин кишвар дубора боло гирифт.
Бино ба навиштаи “Радиои Фардо”, боздошти ин рӯҳонии суннимазҳаб “бо тавҳин ва таҳқир” рӯзи 19-уми августи соли 2023 сурат гирифта, хашми муридону ӯро ба бор овардааст.
Бино ба гузориши “Радиои Фардо”, “субҳи рӯзи якшанбе, нерӯҳои амниятӣ ва Сипоҳи посдорон бо ҳамкории масъулини ширкати нафтии “Чобаҳор” телефонӣ тамос гирифта, аз Мавлавӣ Нақшбандӣ хостаанд, то барои аз нав барқарор кардани корти саҳмияи сӯзишворӣ барои мошинҳои хонаводааш, шахсан ба Чобаҳор биояд.”
Вале пас аз он ки Мавлавӣ ҳамроҳи писараш ба самти Чобаҳор равон мешаванд, дар миёнаи роҳ мавриди таъқиби нерӯҳои амниятӣ қарор гирифта, ба таври таҳқиромез боздошт ва ба макони номуайяне бурда мешаванд.
Ин рӯҳонии шинохтаи суннимазҳаб, ки имоми ҷумъаи (имомхатиб) масҷиди марказии ноҳияи Роск дар устони аксаран суннинишини Сиистону Балуҷистон аст, бо иттиҳоми “иқдом алайҳи амнияти миллӣ” ва “ифтироъ задан ба низоми Ҷумҳурии исломӣ” дастгир шудааст.
Хабаргузории “Мизон”, ки марбут ба қувваи қазоияи Эрон аст, иддао кардааст, ки гӯё Мавлавӣ Фатҳимуҳаммади Нақшбандӣ дар хутбаҳои намози ҷумъа ва мавъизаҳои худ, мардумро ба “ошӯб ва иғтишошҳои хиёбонӣ” даъват кардааст. Бино ба навиштаи ин хабаргузорӣ “баъд аз огоҳии лозимиро нодида гирифтан”, ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ кушода шуд.
Муътаризон, ки аслан мардуми бумӣ ҳастанду Мавлавӣ Фатҳимуҳаммади Нақшбандиро хуб мешиносанд, ба иттиҳоми Ҷумҳурии исломӣ нисбат ба Мавлавӣ бовар надоранд ва бо ба хиёбонҳо баромадан аз ҳукумат талаби озодии беқайду шарти ин рӯҳонии аҳли суннатро доранд.
Ба ҷуз дар ноҳияи Роск, мардуми муътариз дар ноҳияи Зоҳидон, Сарбоз, Даштиёрӣ низ ба хиёбонҳо баромада, шиорҳо алайҳи Ҷумҳурии исломӣ сар доданд.
Муътаризон бо оташ задани чархҳои автомобил роҳҳои иртиботӣ ба марказҳои ноҳияро баста, хостори раҳоии Мавлавӣ шуданд.
Ин ҳама дар ҳоле аст, ки пас аз боздошти Мавлавӣ Фатҳимуҳаммади Нақшбандӣ фазои амниятӣ дар ин минтақаи суннинишини Эрон шадидтар шуд ва мошинҳои зиддишӯришӣ натанҳо дар даромадгоҳи шоҳроҳҳои асосӣ ба марказҳои ноҳияҳо, балки дар кӯчаҳои марказии ноҳияҳо низ ҷо ба ҷо карда шуд. Вале муътаризон аз ҳайбати мошинҳои зидди шӯришӣ ва нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии исломӣ натарсида, даст ба эътироз задаанд.
Соли гузашта нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии исломӣ Мавлавӣ Ҳофиз Абдулғаффори Нақшбандӣ, писари Мавлавӣ Фатҳимуҳаммади Нақшбандиро низ рабуда буданд.
Расонаҳои ҳукуматии Ҷумҳурии исломӣ ин рӯҳонии суннимазҳабро ба “ҷосусӣ” муттаҳам карда, навишта буданд, ки гӯё “Мавлавӣ Ҳофизро нерӯҳои амниятӣ Эрон нарабудаанд, балки худи ӯ аз кишвар фирор кардааст”.
Ҷумҳурии исломӣ пас аз он ба рӯҳониёни суннимазҳаби минтақаи Сиистону Балуҷистон бештар чап гирифт, ки онҳо, аз ҷумла, Мавлавӣ Ҳофиз Абдулғаффори Нақшбандӣ хабари таҷовузи як духтарбачаи 15-солаи балуҷ аз тарафи фармондеҳи нерӯҳои интизомии Чобаҳорро расонаӣ намуда, хостори муҳокима ва ба ҷавобгарӣ кашидани ин мансабдори ҳукуматӣ шуданд.
Соли гузашта Ҷумҳурии исломӣ ба иловаи рабудани Мавлавӣ Ҳофиз Абдулғаффори Нақшбандӣ як рӯҳонии суннии дигар бо номи Мавлавӣ Муродзиҳиро низ боздошт карда буд.
Пас аз боздошти ин рӯҳониҳои суннимазҳаб, имомхатибони аҳли суннат вокуниш нишон доданд. Аз ҷумла Мавлавӣ Абдулҳамид, имомхатиби Зоҳидон, яке аз пурнуфузтарин рӯҳонии суннимазҳаби Эрон, хитоб ба масъулини Ҷумҳурии исломӣ гуфт, “дастгир кардани имомҷумъаи Роск ба далели интиқод аз амалкарди масъулони ҳукуматӣ боиси густариши норизоятии ҷомеа мешавад ва асароти манфие, ки ин боздошт дар пай хоҳад дошт, ба нафъи касе нест. Аз ин рӯ, озодии зудтари эшон ба нафъи ҳама аст”.
Коко Ҳасан Аминӣ, ҳокими шаръи мардуми устони Курдистон низ дар саҳифаи худ дар Х (собиқ Твиттер) бо тааҷуб ва таассуф навиштааст, ки “чаро масъулини кишвар набояд ба фикри маслиҳати мамлакат ва ваҳдати миллӣ бошанд?”
Вилояти Сиистону Балуҷистон, ки дар он асосан аҳолии суннимазҳаб ба сар мебаранд, дар ҷараёни эътирозҳои ҷунбиши “Зан, зиндагӣ, озодӣ” бештарин қурбониро нисбат ба дигар вилоятҳои Эрон додааст.
Банда дар тааҷҷубам, ки “Бомдод” аз боздошти олими аҳли суннати эрон хабар нашр мекунад, “паёмнет” дар даҳон об гирифтааст, чаро? Дар ҳоле, ки аз қадпасттарин марди дунё, ки эронӣ бошад, хабар нашр мекунад, аммо аз олиме, ки худу фарзандонаш қаблан ҳам борҳо боздошту зиндонӣ шудааст, хабар нашр намешавад? Ин нишон медиҳад, ки ҳнити “хориҷӣ” ба ҳнити “дохилӣ” (дохилӣ-яъне наҳзатиҳои зиндонӣ) аҳамияте қоил нест. Ё “Қиблаи сиёсӣ”-и ҳнит теҳрон аст, қибла малол нашавад! Аҷаб дунё, аҷаб дунё!!! (Аз кабирӣ натарсӣ, шарҳро нашр бикун).