ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

САФОРАТ: ДАР САДАМАИ ТАМБОВ ДУ ТОҶИК КУШТА ВА СЕ ТОҶИКИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУДААНД (ВИДЕО)

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳалокати ду муҳоҷири тоҷик ва ҷароҳат бардоштани 3 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро дар садамаи мудҳиши рӯзи 22 августи соли 2023 дар вилояти Тамбов тасдиқ кард. Дар он садама дар умум 4 нафар ба ҳалокат расида, 5 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар иттилоияаш гуфт, аз ҳалокати ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки рӯзи 22 августи соли 2023 дар ноҳияи Мичурински вилояти Тамбови Русия бар асари садамаи мудҳиши нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд, хабардор буда, ҳамдардии хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамояд.

Ҳамчунин, омадааст, дар иттилоия, бар асари ин ҳодисаи нохуш 3 нафар зодагони дигари Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар бемористони маҳаллӣ бистарӣ гардиданд.

Сафорат  гуфт, дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикони минтақаи Тамбов ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва осебдидагон кӯмакҳои зарурӣ мерасонад.

Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 22 август, соати 18:50 дар роҳи мошингар дар канори деҳаи Кочетовка як мошини тамғаи “Лада Приора” бо мақсади гузаштан аз мошинҳои дигар ба самти муқобили ҳаракат баромада, бо мошини тамғаи “Лада Гранта” сар ба сар зад.

Дар натиҷаи садама ҳарду ронанда дар ҷои ҳодиса ва ду мусофир дар мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар роҳ ба бемористон ҷон бохтанд ва 5 нафари дигарро бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ карданд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button