ВидеоҲодисаҶомеа

ОДАМКУШӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ: МАРДИ 50-СОЛА РАФИҚИ ХУДРО ЗАДА КУШТААСТ…

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳолати одамкушӣ дар Панҷакент хабар дод. Гуфта мешавад, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст, нисбат ба марди 50-солаи сокини шаҳри Панҷакент оғоз карда шудааст.

Номбурда, 23-юми августи соли 2023, тахминан соати 22:00, дар ҳолати мастӣ дар боғи “Тиллоӣ”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри мазкур, рафиқаш, марди 57-солаи сокини ҳамин шаҳрро бо баҳонаи он, ки ӯро ҳақорату дашномҳои қабеҳ кардааст, бо даст ва пойҳояш ба сару рӯй ва дигар аъзои бадани ӯ якчанд маротиба задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба дастгиршуда бар асоси моддаи 110 аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

ВКД қаблан хабар дода буд, ки бар асоси ҳамин банди қонун ба зидди марди 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров низ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Номбурда, 12-уми июли соли 2023, тахминан соати 15:40-дақиқа дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо дасту пояш ба сару рӯяш зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш расонидааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 24 мавриди  одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор ва ҳамчунин 54 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Ин назар ба 39 куштор ва 67 мавриди расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки дар нимаи аввали соли 2022 сабт шуда буд, камтар аст, вале нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button