Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 24 августи соли 2023 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз боздошти як ҷавонзан барои авбошӣ ва дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ хабар дод.
Бино ба гузориши Сироҷиддин Шукурӣ, сухангӯи РВКД ш. Душанбе, кормандони баталйони махсуси дидбонию пайроҳадории милитсияи пойтахт (ППС) шаби 21 августи соли 2023, тахминан соати 3:20 дар кӯчаи Соҳилӣ, дар паҳлуи бемористони “Истиқлол” шоҳиди тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардани як ҷавонзани маст шуда ӯро билофосила боздошт кардаанд ва ба шуъбаи якуми милитсияи ноҳияи Фирдавсӣ бурдаанд.
Дар ҷараёни санҷиш муайян карда шудааст, ки ин нафар шаҳрванд Сатторова Зарина Олимовна, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбест.
Дар навори нашршуда дида мешавад, ки Зарина Сатторова соати сеи шаб дар ҳолати мастӣ дар назди бемористони “Истиқлол” пои луч дар байни роҳ рақс мекунад. Милитсия гуфт, ки Харина Сатторова ҳамчунин бо шаҳрванд Муҳаммад Неъматов, ронандаи таксии тамғаи “Ҳундай”, рақамаш 95 59 ТТ 05, соли таваллудаш 1998 муноқиша карда, чароғҳои мошини ӯро зада шикастааст ва ба соҳиби мошин зарари моддӣ расондааст. Дар акси нашркардаи милитсия дида мешавад, ки рӯи ронандаи таксиро зада, хуншор ҳам кардаанд.
Дар гузориш гуфта шуд, ки ин қазия таҳти тафтиши пешакӣ қарор дорад. Дар навори лаҳзаи бозпурсии Сатторова дида мешавад, ин ҷавонзан ба фарқ аз лаҳзаҳои мастиаш алакай хеле ором шудааст ва ба тан либоси хоксоронае пӯшидаву ба сараш рӯймол ҳам андохтааст.
Маркази матбуоти ВКД рафтори Зарина Сатторова “амали нангин” номида, гуфт, хеле таассуфовар аст, вақте ки занон дағалона тартиботи ҷамъиятиро поймол мекунанд. Ва боз ҳам таассуфбортар он аст, ки занон ба чунин кирдор дар ҳолати мастӣ даст мезананд.