ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ПИЁДАГАРД ДАР ВОСЕЪ, ҚАЛЛОБИҲО БА МАБЛАҒИ 700 ҲАЗОР ВА ДУЗДИИ ЧОРВО

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 25 августи соли 2023

Ба ҳалокат расидани пиёдагард дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ

03

23-юми августи соли 2023, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Холов Қосим Хонович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Темурмалик-Восеъ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Баширов Холмаҳмад Ғуломович, соли таваллудаш 1997, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Баширов Х.Ғ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ифшо шудани қаллобиҳо дар ҳаҷми махсусан калон

03

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, 12-уми сентябри соли 2022, бо маслиҳати пешакӣ бо марди 28-солаи сокини шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаҳои тамғаи “Мерседес-Бенс Е-класс”-ро ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ ва “Тайота Кемри”-ро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидаанд.
Зарари расонидашуда 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи майи соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 18 ҳазор сомонӣ, 20-адад кондитсионер, 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус”, 1-адад автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, 1-адад автомашинаи тамғаи “Хундай Соната” ва 16-адад телевизорҳои гуногунтамғаро нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашонро барнагардонидаанд.
Зарари расонидашуда 491 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани дуздии чорво дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ

50

Ба ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ бо ариза марди 54-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ муроҷиат намудааст, ки 24-уми августи соли 2023, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагидории “Ибод”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷ.Балхӣ 1 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button