ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ВО-АҶАБ! ДУ КӮДАКИ 9 ВА 13-СОЛА АЗ ЯК ХОНА 24 ҲАЗОР СОМОНИРО ДУЗДИДААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 24 августи соли 2023

Боздошти ду ноболиғ бо ҷурми дуздӣ

080

Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 22-юми августи соли 2023, тахминан соати 13:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мазили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 24 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғони 9 ва 13-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ду шахс бо ҷурми қаллобӣ

123

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 29 ва 39-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.

Номбурдагон, 10-уми майи соли 2023 дар Маркази савдои «Кӯшониён» бо роҳи фиреб ба боварии марди 55-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ ноқилҳои барқӣ ба маблағи 136 ҳазору 550 сомонӣ гирифта, маблағҳояшонро то ҳол пардохт накардаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button