ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР НОҲИЯИ Б.ҒАФУРОВ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ КОҒАЗИ ТАШНОБ БА КОМИ ОТАШ РАФТ

Рӯзи 24 августи соли 2023 дар як корхонаи истеҳсоли коғази ташноб воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сӯхтор сар задааст.

Хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон бо такя ба манобеи худ дар ҷои ҳодиса хабар доданд, ки наздикиҳои нисфирӯзии 24 август, тақрибан соати 11:45, дар корхонаи истеҳсоли коғази ташноб сӯхтор рух додааст.  Ин корхона дар канори гардиши роҳи шаҳри Бӯстон дар даромадгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир шудааст.

Гуфта мешавад, ба ҷои ҳодиса мошинҳои сӯхторнишонкунӣ сафарбар гардидаанд. То ҳол мақомот дар бораи ин сӯхтор маълумоте интишор накардааст.

Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки аз маҳалли сӯхтор ба ҳаво алангаи дуду оташ баланд шуда истодааст.

Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 581 ҳодисаи сӯхтор сабт шудаааст, ки ин назар ба 476 сӯхтори нимаи аввали соли қаблӣ 106 сӯхтор бештар аст. Имсол дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар Тоҷикстон 18 нафар, аз ҷумла 9 ноболиғ ҷон бохта, ба моликияти давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон ба маблағи 9 миллиону 376 ҳазор  сомонӣ зарари моддӣ расидааст. Соли гузашта ҳарчанд теъдоди ҳодисаҳои сӯхтор камтар буд, вале зарари расондаашон хеле бештар: 14 миллиону 484 ҳазор сомонӣ баровард шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button