ТАҲДИДИ 6 СОЛИ ЗИНДОН БА ҶАВОНИ ТОҶИКИ БЕМОРИ РӮҲӢ, КИ ДАР РУСИЯ БА ЯК ДУХТАР БАРОИ МАЙКАВУ ШОРТИК ПӮШИДАНАШ ҲАМЛА КАРД (ВИДЕО)

Ба шаҳрванди Тоҷикистон Шаҳзод Ҷӯрабоев, ки аз бемории рӯҳӣ ранҷ мекашад, дар Русия барои ҳамла ба як духтари варзишгар то 6 соли зиндон таҳдид мекунад. Ин ҳодиса субҳи 23 августи соли 2023 дар ҳавлии маҷтамаи истиқоматии “Красногорский дар шаҳраки Нахабинои вилояти Маскав рух дод. Гуфта мешавад, ки шортику майка пӯшида, дар кӯча давидани духтар сабаби чунин бархӯрди хушунатомези ин ҷавони мариз шудааст. Бо вуҷуди бемор будани Шаҳзод Ҷӯрабоев, тавре хадамоти матбуоти Сарраёсати тафтишоти вилояти Маскав рӯзи 24 август хабар дод, ба зидди ӯ бо иттиҳоми даст задан ба ҷинояти ифротгароёна парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.
Сарраёсати тафтишоти вилоят дар иттилоияш гуфт: “Шуъбаи тафтишоти шаҳри Красногорск нисбат ба ин муҳоҷир бо иттиҳоми содир кардани ҷинояти ифротгароёна бар асоси банди “а” қисми дуюми моддаи 282 Кодекси ҷиноятии Русия (барангехтани кинаю адоват ва паст задани шаъну шарафи инсонӣ бо истифода аз зӯроварӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Бино ба маълумоти тафтишот, 23 августи соли 2023, дар соатҳои субҳгоҳӣ, ин мард дар саҳни ҳавлӣ дар кӯчаи Белобородови шаҳраки Нахабино истода буд. Ӯ дар роҳ духтареро дид, ки дар тан шортику майка дошт ва ба ин сабаб, дар сари мард қасди паст задани шаъну шарафи занонаи ин духтар бо истифода аз зӯроварӣ пайдо шудааст. Ӯ бо лаҳни талабомез ба духтар гуфтааст, ки бо чунин либоси боз дар маконҳои ҷамъиятӣ гашту гузор кардани занону духтарон мумкин нест. Баъди ин вай ба рӯи духтар як мушт задааст”.
Шаҳзод Ҷӯрабоевро худи ҳамон рӯзи 24 август кормандони пулис дастгир кардаанд. Ӯ ҳангоми боздошташ ягон муқовимат нишон надодааст. Гуфта мешавад, ки тафтишот алакай духтарро дар ин парванда ҳамчун ҷабрдида эътироф карда, ҳам ӯ ва ҳам ҷавони ба ӯ дарафтодаро пурсуҷӯ кардааст.
Бино ба хабарҳо, Шаҳзод Ҷӯрабоев ҳангоми бозпурсӣ баёноти зиддунақиз додааст: Аз як тараф, гуфтааст, ки мехост духтарро аз гуноҳ наҷот дода, ба роҳи дуруст ҳидоят кунад, вале аз тарафи дигар дар шарҳи амали худ боз “фаҳмондааст”, ки гӯё ба ин духтар дил бастаасту бо ин шеваи хушунатомез гӯё хостааст, ки таваҷҷуҳи ӯро ба худ ҷалб кунад.
Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки чӣ гуна ҷавон ба назди духтаре, ки дар кӯча майкаву шортик дар тан медавид, омада, ба рӯяш мушт мезанад. Духтар рӯ ба фирор меорад, вале ҷавон боз як муддат ӯро таъқиб мекунад. Дар ин асно як сокини Нахабино ҷавонро манъ карда, мефаҳмонад, ки ин духтар варзишгар аст ва барои машқ давида истодааст. Аммо Ҷӯрабоев мегӯяд, ки “магар духтар ҳам варзишгар буда метавонад?”
Тавре баъдан маълум шуд, духтар дар воқеъ варзишгар буда, ҳар рӯз барои машқу омодагӣ ба мусобиқаҳо дар кӯчаҳои Нахабино медавад.
Ҳамчунин маълум шудааст, ки Шаҳзод Ҷӯрабоев бемории рӯҳӣ дошта, соли гузашта дар бемористони бемориҳои рӯҳӣ табобат гирифтааст. Ӯ ба Русия низ барои идомаи табобат омада будааст ва дар Нахабино дар хонаи бибию амакаш зиндагӣ мекардаастю Ҳамагӣ як рӯз қабл аз ин ҳодиса хешовандонаш ба сабаби дигарбора авҷ гирифтани бемории Шаҳзод барои ӯ ”Ёрии таъҷилии рӯҳӣ”-ро даъват карда будаанд, вале табибон баъди муоинаи аҳволи ҷавони тоҷик гуфтаанд, ки ӯ ба бистарӣ кардан дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ эҳтиёҷ надорад.
Бар асоси қисми дуюми моддаи 282 Кодекси ҷиноятии Русия ба Шаҳзод Ҷӯрабоев ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 300 ҳазор то 600 ҳазор, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол ваё аз 3 то 6 соли зиндон таҳдид мекунад.
УК РФ Статья 282. Возбуждение ненависти либо вражды, а равно унижение человеческого достоинства
2. Действия, направленные на возбуждение ненависти либо вражды, а также на унижение достоинства человека либо группы лиц по признакам пола, расы, национальности, языка, происхождения, отношения к религии, а равно принадлежности к какой-либо социальной группе, совершенные публично, в том числе с использованием средств массовой информации либо информационно-телекоммуникационных сетей, включая сеть “Интернет”:
а) с применением насилия или с угрозой его применения;
б) лицом с использованием своего служебного положения;
в) организованной группой, –
наказываются штрафом в размере от трехсот тысяч до шестисот тысяч рублей или в размере заработной платы или иного дохода осужденного за период от двух до трех лет, либо принудительными работами на срок от двух до пяти лет с лишением права занимать определенные должности или заниматься определенной деятельностью на срок до трех лет, либо лишением свободы на срок от трех до шести лет.