ВидеоТиб ва беҳдоштФарҳанг

ДАРГУЗАШТИ КОРГАРДОНИ ШИНОХТАИ ТОҶИК МУҲАББАТ САТТОРӢ ДАР СИННИ 56

Муҳаббат Сатторӣ, ҳунарпешаи театр ва коргардони шинохтаи синамои тоҷик рӯзи 24 августи соли 2023 дар синни 56 аз олам чашм пӯшид. Нашрияи “Оила” хабар дод, ки “вақтҳои охир ин бонуи сар то по ҳунар аз бемории саратон азият мекашид”.

Маросими видоъ бо Муҳаббат Сатторӣ дар манзилаш дар суроғаи кӯчаи Борбад, 48 мегузарад ва намози ҷанозааш рӯзи 24 август, вақти намози пешин дар масҷиди касаба ё микрорайони 64-уми шаҳри Душанбе доир мешавад. Қарор аст, баъди адои намози ҷаноза ин ҳунарманди тоҷикро дар оромгоҳи маҳаллаи Гипроземи пойтахт ба хок бисупоранд.

Муҳаббат Сатторӣ 1-уми январи соли 1967 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Соли 1988 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намуда, ба Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор омад ва дар чандин намоишномаҳо нақшҳои ҷолибу хотирмон офарид. Баъдан Муҳабббат Сатторӣ ба  кори телевизион гузашата, чандин сол ба ҳайси коргардон дар шӯъбаи фарҳанги “Шабакаи якум” (ҳоло шабакаи “Тоҷикистон”) кор карда, чандин намоишномаи телевизионро рӯи саҳна овард. Бо андӯхтани таҷриба Муҳаббат Сатторӣ ба кори синамо гузашт ва дар киностудияи “Тоҷикфилм”  ба ҳайси коргардон ва дар ширкати филмбардории “Суҳайл-Синамо” ба ҳайси роҳбару коргардон кор кард.

Аз Муҳаббат Сатторӣ чандин филми ҳунарию мустанад, аз ҷумла филмҳои “Пайванди шикаста” (соли 2007), “Падруду пайғом” (соли 2008), “Афсонаи хоб” (соли 2009), “Зарандуд” (солҳои 2010-2011), “Як ҷаҳон аз ману ту”(солҳои 2013-2014), “Маро бубахш” (соли 2016), “Бархез, модар” (продюссер, соли 2017), “Кохи нур” (соли 2019), “90 соли кинои тоҷик”, “Рақси зиндагӣ” (соли 2019) ба ёдгор монд.

Муҳаббат Сатторӣ барои хидматҳояш сазовори унвонҳои Аълочии фарҳанг, телевизион ва радио ва кинематографияи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон  шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button