ДАР ҚУБОДИЁН “МЕРСЕДЕС” ЯК ЗАНРО БО ДУ ФАРЗАНДИ ХУРДСОЛАШ ПАХШ КАРДААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 22-юми августи соли 2023, тахминан соати 21:40, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, Очилдиев Фирӯз Дилшодович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Қубодиён ба самти ҷамоати деҳоти М.Ниёзов, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагардон Қурбонова Нодира Мамадиевна, соли таваллудаш 1985, ноболиғ Қурбонов Абдураҳим Қосимович, соли таваллудаш 2010 ва хурдсол Қурбонов Ҳасан Қосимович, соли таваллудаш 2021, сокинони ҳамин ноҳияро, ки роҳро аз тарафи рост ба тарафи чап убур мекарданд, пахш кардааст. Дар натиҷа, ноболиғ Қурбонов А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Қурбонова Н. ва Қурбонов Ҳ. Бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфта, дар се моҳи охир дар бораи ҳалокати дастикам 120 нафар дар садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. 11 нафари онҳо дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи Файзобод ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.


