ДАР ҚАЗОН ТАБИБОН ЯК НАВРАСИ ТОҶИКРО, КИ БЕМОРИИ ҚАЛБ ДОШТ, НАҶОТ ДОДААНД (ВИДЕО)

Табибони бемористони ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои кӯдакон дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия Бахтовар Мақсутуллоев, як наврас аз Тоҷикистонро наҷот додаанд. Бемории қалб метавонист ин наврасро дучори марг кунад.
Бемории қалб дар бадани Бахтовар ҳанӯз замони таваллудаш ошкор шуда буд, вале он вақт табибон ба ин аҳамият надодаанд. Ҳоло, ки ин наврас ба синни 14 расидааст, бемории дар тӯли солҳо бидуни табобат партофташуда авҷ гирифтааст.
Дар бораи муолиҷаи ин навраси тоҷик рӯзи 23 августи соли 2023 шабакаи телевизионии “Татарстан-24” гузориш дод.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки баъди се рӯзи анҷоми ҷарроҳӣ табиби ҷарроҳ бори аввал фақат барои шунидани садои қалби Бахтовар вориди ҳуҷраи ӯ шуд. Ба гуфтаи табибон, тайи се рӯзи аввали баъди ҷарроҳӣ бемории қалб метавонад ба бадани бемор баргардад.
Худи Бахтовар аҳволаш то ҷарроҳиро чунин қисса мекунад: “Ман дар қисмати пушти сарам дардро эҳсос мекардам, чашмонам ҳам дард мекарданд. Он вақт фаҳмидам, ки фишори хуни ман хеле болост, қариб 170 аст”.
Барои муқоиса, фишори хун дар синни 14 бояд 120 ба 80 бошад. Табибон чунин боло рафтани сатҳи фишори хуни ин наврасро ба он рают медиҳанд, ки узви асосии бадани ӯ, яъне қалбаш ба аъзои аз китф поёни бадани ӯ хунро интиқол намедод ва он ҳама дар қисмати сари Бахтовар дармонда, ҷамъ мешуд ва ба сару чашми ӯ фишор меовард.
Аъзои бадани кӯдак бояд баробари ба воя расидани ӯ низ ташаккул биёбанд. Вале дар мисоли Бахтовар, яке аз қисматҳои шоҳраг (аорта) дар бадани вай ҳанӯз дар овони кӯдакиаш аз рушд бозмонда буд. Дар бемористони Қазон бо истифода аз таҷҳизоти муоссир тавонистанд бо осеби камтарин ба бадани Бахтовар ин нуқсро бартараф кунанд.
Табиб Радис Гараев мегӯяд: “Дарди андаке ба вуҷуд омад, вале дар байни ҳамагӣ чанд соат гузашт Як рӯзи баъди ҷарроҳӣ Бахтовар алакай ба осонӣ роҳ мегашт”.
Гуфта мешавад, ки ба ҳаёти ин наврас дигар хатаре таҳдид намкекунад ва ӯ рӯзи 23 август аз бемористон рухсат шуда, ба Ватанаш бармегардад. Вале ба гуфтаи табибон, ӯ бояд барои ташхисҳои дигарбора боз ба бемористони Қазон баргардад.

