ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЗАХМӢ ШУДАНИ СОКИНИ БАСМАНДА ДАР САДАМА ДАР ХУШЕКАТ ВА ЁФТ ШУДАНИ ҶАСАДҲОИ ДУ ҒАРҚШУДА ДАР ВАҲДАТ ВА АМОНДАРА

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  хабар дод, ки 21 августи соли 2023 кормандони Раёсати махсусгардондашудаи ҷустуҷӯӣ ва наҷоти ин Кумита дар натиҷаи роҳандозии амалиёти ҷустуҷӯӣ ҷасади сокини 11-солаи деҳаи Ҷангалобод-3-и шаҳри Ваҳдат ва сокини 53-солаи деҳаи Хӯҷа Панҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷекентро пайдо ва ба пайвандонашон супурданд. Кумита ба хешу табор ва волидони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ мекунад ва бо эҳтиром аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.   

Ҳамчунин субҳи барвақти 22 августи соли 2023, тахминан соати 03:40, дар километри 145,5 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ, як мошини тамғаи “Дулан”, ки аз самти Хуҷанд ба Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд ва аз ҷониби як сокини 25-солаи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич идора мешуд, ба сабаби аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда ба ҷӯй сарозер шуд. Дар натиҷаи роҳандозии корҳои наҷот аз ҷониби имдодгарони КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Зарафшон ронанда аз дохили мошин берун кашида шуд. Азбаски ҷароҳат бардошта буд, ӯро ба бемористони ноҳиявӣ бистарӣ карданд. 

КҲФ дар ин иртибот ба ронандагон муроҷиат мекнуад, ки ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя кунанд.”Ронандагони муҳтарам, набояд фаромӯш кунед, ки шуморо дар хона пайвандонатон интизоранд!!! – гуфта мешавад дар ихтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Амалиёти дигари наҷот рӯзи 21-уми август, соати 14:47 дар пойтахт сурат гирифт. Ба қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки дар кӯчаи Муҳаммадиев,  22 як дарахти калон дар ҳоли садамавӣ қарор дошта, метавонад ҳар лаҳза афтад ва трансформатори канорашро хароб кунад ва боиси бе нерӯи барқ мондани сокинон шавад.  Дастаи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии таҷҳизоти махсус дарахтро буриданд ва хатар рафъ шуд.

Нимаи дуюми 21 августи соли 2023, соати 18:38 сокини кӯчаи Неъмат Қарабоев, 63/2  Грическая Вера ба қисми навбатдорӣ хабар дод,ки дар таҳхонаи ин бино як гурба дармондааст. Ба ҷойи ҳодиса гурӯҳи имдодгарон эъзом шуданд ва маълум гардид, ки гурба дар симҳои байни қубурҳо руст мондаву имкони раҳоӣ наёфтааст. Наҷотдиҳандагон вориди таҳхона шуда, гурбаро беосеб аз банд раҳо карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button