ҲАМЛАИ ДРОНҲО: ҶАНГИ УКРАИНА ЧӢ ГУНА ТО ПОИ ДАРИ СОКИНОНИ МАСКАВ ОМАД?
Таи чанд рӯзи ахир ҳамлаҳои тайёраҳои бесарнишин (дрон) ба минтақаҳои Русия, махсусан ба пойтахти он шаҳри Маскав ва ноҳияҳои гирду атрофи он, ки бо номи Подмосков шинохта шудааст, авҷ гирифтааст. Ҳамлаҳо бо истифода аз дронҳо, ки бовар меравад, аз тарафи Украина ба сӯи шаҳрҳои Русия, аз ҷумла ба самти пойтахти он, шаҳри Маскав ва атрофи он партоб карда мешаванд, то кунун шояд хисороти ҷиддие ба ҷо нагузошта бошанд, вале аз лизози равонӣ ба зеҳни сокинони Русия таъсири манфӣ дорад. Чунки ин ҳамлаҳо нишон медиҳанд, ки доманаи ҷанги Русия ба зидди Украина то ба дари хонаҳои худи онҳо расидааст.
Субҳи 22-юми август соли 2023 шаҳрдори Маскав Сергей Собянин ва волии вилояти Маскав Андрей Воробёв аз суқут додани 2 дрон дар Одинтсово ва Красногорск хабар доданд.
Гуфта мешавад, шояд ҳадафи дроне, ки дар Красногорск суқут кард, бинои ҳукумати вилояти Маскав бошад. Зеро он начандон дуртар аз ҷои ҳодиса ин бино ҷойгир шудааст.
Бино ба гуфтаи ин ду мансабдори рус, “нирӯҳои зиддиҳавоӣ ҳарду дронро зада ба замин афтонданд. Зимни ин амалиёт ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”.
Вале Телеграм-каналҳои “SHOT” ва ” Baza”, ки ба мақомоти қудратии Русия наздиканд, аз ҷои ҳодиса чандин акс ва видеое нашр намуданд, ки тавре дар онҳо дида мешавад, бар асари ин ҳамлаи дронҳо шишаҳои тирезаҳои хонаҳои истиқоматии баландошёна шикаста ва чанд мошин ҳам осеб дидааст.
Ин ҳамлаи паҳбодӣ боис гардид, ки фурудгоҳҳои “Внуково” ва “Домодедово” муваққатан кори худро қатъ намуда, тайёраҳои дар фазобударо ба дигар фурудгоҳҳо бифиристанд.
Дар ҳамин ҳол? dазорати мудофиаи Русия низ тасдиқ намуд, ки нерӯҳояш 2 дронро дар фазои вилояти Маскав суқут дода, 2 дрони дигарро дар осмони вилояти Брянск бо эҷод кардани мавҷҳои радиоэлектронӣ (РЭБ) аз кор баровардаанд.
Як рӯз пеш, 21-уми августи соли 2023 низ ду паҳбод, ки гӯё ба гуфти мақомоти Русия шаҳри Маскавро ҳадаф гирифта буданд, дар вилояти Маскав суқут карданд.
Мудири шабакаи телевизионии “RT” Маргарита Симонян, ки ӯро пропагандисти рақами 1 дар Русия мешиносанд, хабар дод, ки як дрон начандон дуртар аз хонаи ӯ, ки дар ноҳияи Истра, як минтақаи амн ва макони зисти чандин тан аз мансабдорони воломақоми рус ҷойгир шудааст, афтидааст.
Ба назар мерасад, дар ҳамсоягии ин мубаллиғи ҷанг афтидани паҳбод тасодуфӣ нест. Баъзеҳо бар он боваранд, ки ин як ишорае ба тарафдорон ва мубаллиғони ҷанг аст, ки агарчи шумо садҳо километр дур аз хатти ҷабҳа ҳам бошед, ҷони шумо низ дар хатар аст ва ҷанг дигар чун пештара танҳо дар хоки Украина нест ва ҳар лаҳза метавонад, ҳатто дар қалби пойтахти Русия шуморо низ ба коми худ фурӯ барад.
Мақомоти Русия рӯзи 21 август гуфта буданд, ки зимни ин ду ҳамлаи паҳбодӣ ду нафар осеби ҷисмонӣ бардошта, якеи онҳо ба бемористон интиқол дода шудааст.
Ҳамзамон бар асари ин ҳамлаҳои рӯзи 21 август ҳамаи фурудгоҳҳои Маскав муваққатан кори худро қатъ намуда, нақшаи “Ковёр”-ро ба роҳ монданд, ки тибқи он, 45 тайёрае, ки мебоист дар ин фурудгоҳҳо поин меомаданд, ба фурудгоҳҳои дигар шаҳрҳои Русия фиристода шуданд.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз, 21-уми август соли 2023, фурудгоҳи низомии “Шайковка” дар вилояти Калуга низ ҳадафи ҳамлаи паҳбодҳо қарор гирифт, ки дар натиҷа 2 тайёраи ҷангии Русия осеб дидааст.
Дар санаи 19-уми август низ як фурудгоҳи низомии Русия дар вилояти Нижний Новгород зери ҳамлаи тайёраҳои бесарнишин қарор гирифта буд, ки дар натиҷа як тайёраи ҷангии бомбафкани навъи Ту-22 М3-и Русия пурра оташ гирифта, корношоям гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳамлаи тайёраҳои бесарнишин ба пойтахти Русия шаҳри Маскав аз аввали моҳи майи соли 2023 оғоз шуда, дар моҳи август авҷ гирифт. Танҳо дар се ҳафтаи аввали моҳи август Маскав 5 маротиба зери ҳамлаи паҳбодҳо қарор гирифт, ки 2 дафъаи он ба Москва -Сити, яке аз марказҳои тиҷоратӣ, ки бо биноҳои осмонбӯсаш машҳур аст, рост меояд.
Агарчи, ҳамлаҳои сершумори дронҳои Украина ҳарчанд хисороти чашмрасе бар ҷой намегузоранд, вале бозтоби он дар васоити ахбори омма ва таъсири таблиғотии он ба сокинони Русия, бахусус ба онҳое, ки аз ҷанг тарафдорӣ мекунанду фикр мекарданд, ки онҳо дур аз майдони ҷанг, дар шаҳрҳои бузург ба зиндагии рӯзмарраи худ дар шароити амн ба таври доимӣ идома медиҳанд, намоиш медиҳад, ки ҷанг то ба кӯчаи онҳо омадаасту дер ё зуд дари хонаи онҳоро низ метавонад бикӯбад.

