ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ КӮДАК ДАР ДУ САДАМА ДАР ИСТАРАВШАН ВА СЕБИСТОНИ ДАНҒАРА

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ҳалокати ду ноболиғ дар ду садамаи рӯзи 21 августи соли 2023 хабар дод.

Аз ҷумла 21-уми августи соли 2023, тахминан соати 10:00, ронандаи мошини тамғаи «Хундай Аванте», Атаев Азимхон Ҳамидхонович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Хуҷанд-Душанбе-Чанок», дар ҳудуди шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Сувонов Хушбахт Акбаралиевич, соли таваллудаш 2010, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Сувонов Х.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
21-уми августи соли 2023, тахминан соати 10:00, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Кемри”, Азимов Самандар Каримович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофири ин мошин, ноболиғ Каримзода Руқия Самандар, соли таваллудаш 2017, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири дигар Камолова Зебо Ҳикматуллоевна, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфта, дар се моҳи охир дар бораи ҳалокати дастикам 120 нафар дар садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. 11 нафари онҳо дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи  Файзобод ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button