АфғонистонМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ДУ ҶАБҲАИ МУҚОВИМАТИ ЗИДДИ ТОЛИБОН ТО БА МАСКАВ РАСИД

Русия тамосҳояшро бо гуруҳҳои гуногуни зидди режими Толибон дар Афғонистон афзоиш додааст. Андрей СЕРЕНКО, таҳлилгари  руси масоили Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар як матлаб, ки нашрияи русии “Совершенно секретно” рӯзи 18 августи соли 2023 нашр кард, бо такя ба манобеи наздик ба гуруҳҳои мусаллаҳи зидди Толибон хабар дод, ки алакай намояндаи Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз Маскав боздид карда, бо “бархе ҳамсуҳбатони бонуфузи ба Кремл наздик” мулоқот кардааст ва қарор аст, акнун намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ ба Маскав биоянд. Серенко таъкид кардааст, ки ин тамосҳо баъди ду соли ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯи ҳаракати тундрави Толибон сурат мегирад. Таҳлилгари рус менависад, Маскав то кунун талош дошт, то бо Толибон “равобити созанда” барпо кунад, вале зоҳиран бархӯрди бидуни алтернативаи Маскав нисбат ба режими Толибон сар омадааст ва мақомоти Русия рӯи гуруҳҳову нирӯҳои дигар дар саҳнаи Афғонистон низ фикр мекунанд.

Бино ба иттилои Андрей Серенко, дар аввали моҳи августи соли 2023 яке аз роҳбарони Ҷабҳаи озодии Афғонистон, ки ба он генерал Муҳаммадзиё Ёсин раҳбарӣ мекунад, ба Маскав омада, як ҳафта дар ин ҷо қарор дошт ва дар ин муддат як силсила мулоқотҳо, аз ҷумла бо “бархе ҳамсуҳбатони бонуфузи ба Кремл наздик”  баргузор кардааст.

Ба иттилои манобеи Серенко, дар нимаи дуюми моҳи август, қарор аст, роҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди “Шери Панҷшер” Аҳмадшоҳи Масъуд низ аз Маскав боздид кунанд, Манобеи Серенко гуфтаанд, ки моҳи август худи Аҳмади Масъуд мехоҳад ба Маскав биояд. Ӯро дар ин сафар метавонад Амруллоҳ Солеҳ, собиқ  раиси Хадамоти амният ва ноиби собиқи президент Ашраф Ғанӣ, ки баъди фирори Ғанӣ ҳатто худро президент эълон карда буд, ҳамроҳӣ кунад.

Серенко дар шарҳи ин таҳаввулот менависад:   “Дар Маскав пайдо шудани намояндагони оппозитсияи мусаллаҳи Афғонистон метавон ҳамчун таҳрири стратегияи Русия нисбат ба Афғонистон маънидод кард. Яқинан, роҳбарияти Русия муносибаташ нисбат ба диктатураи Толибон ва мухолифони онҳоро, ки омодаанд силоҳ дар даст ба зидди режими Толибон мубориза баранд, тағйир медиҳад”.

Серенко аз ин байн Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Аҳмади Масъудро дар шароити имрӯза гуруҳи аз ҳама маъруфи зидди Толибон меномад. Ин гуруҳ моҳи августи соли 2021, билофосила дар пайи ба дасти Толибон суқут кардани Кобул, пойтахти Афғонистон ва фирори шармандавори президент Ашраф Ғанӣ аз кишвар таъсис ёфт. Ба дунболи Ғанӣ ва бархе ҳатто пеш аз вай, бисёре аз гургони борондидаи арши сиёсии Афғонистон низ аз кишвар фирор карданд. Ба фарқ аз онҳо, Аҳмади Масъуд, ки ҳамагӣ 35 сол дорад, бидуни тардиду таъхире ба Толибон дандон нишон дод ва ба зодгоҳи падариаш дараи Панҷшер паноҳ бурда, муборизаашро оғоз кард.

Ба навиштаи Серенко, Толибон дар оғоз ба Аҳмади Масъуд курсии вазирӣ пешниҳод карда, ӯро “хариданӣ” шуданд, вале фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд тан надод. Дар ниҳоят Толибон нирӯи ҳангуфтеро ба дараи Панҷшер эъзом карданд ва бо кумаки бархе аз афроде, ки хиёнат карданд, тавонистанд ин дараи саркашро ишғол кунанд. Баъди тасарруфи Панҷшер Аҳмади Масъуд ба Тоҷикистон паноҳ бурд ва ҳоло қароргоҳи ӯву ситоди асосии Ҷабҳааш дар ҳамон ҷост.

Манобеи Серенко гуфтаанд, ки Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон ҳудудан 5 ҳазор тарафдори мусаллаҳ дорад, ки дар тақрибан 700 гуруҳи ҳар кадом иборат аз 3 то 5 нафар тақсимбандӣ шудаанд ва дар итоати фармондеҳони маҳаллӣ, ки аз ҳама аршади онҳо генерали ҷавон Холид Амирӣ, ки ҳамагӣ 36 сол дорад, қарор гирифтаанд.

Толибон то 30 ҳазор нирӯро ба Панҷшер басиҷ кардаанд,  то афроди генерал Амириро муҳосира карда, монеи берун баромадани онҳо аз дараҳои душворгузари кӯҳистон шаванд. Вале бо ин вуҷуд, сарбозони Ҷабҳа танҳо дар як моҳи июл 13 ҳамла ба зидди Толибон анҷом доданд, яъне ҳар дур рӯз тақрибан як ҳамла”, – нақл кардаанд манобеи Серенко.

Ҷабҳаи озодии Афғонистон ба раҳбарии генерал Муҳаммадзиё Ёсинро намояндагон “муқовимати нирӯҳои командос” ҳам меноманд, чунки бахши аъзами тарафдорон ва сарбозони онро афсарони собиқи “командос”-и ҳукумати қаблӣ ташкил медиҳанд. Ҷабҳаи озодӣ 4 феврали соли 2022 дар вилоятҳои Тахору Қундуз ва Бадахшон дастбакор шуд, вале баъдан нирӯҳояш дар вилоятҳои Қандаҳору Нангарҳор ва Кобул низ фаъол шуданд. Серенко менависад, амалан Ҷабҳаи озодӣ ҳоло ягона гуруҳи муқовимат аст, ки ҳатто дар пойтахт, шаҳри Кобул низ шабехунҳое ба зидди нирӯҳои Толибон анҷом медиҳад.

Серенко меафзояд, “талошҳои Толибон барои аз байн бурдани муқовимат ҳосил надод ва гуруҳҳои муқовимат то ҳол нафақат вуҷуд доранд, балки тақвият меёбанд. Яке аз аломатҳоти ин таваҷҷузи афзояндаии кишварҳои мухталиф ба Ҷабҳаи муқовимат ва ба Ҷабҳаи озодист. Агар то чанд вақти пеш бо Ҷабҳаи Аҳмади Масъуд танҳо Душанбе ва Теҳрон тамосҳои наздик дошт, ҳоло раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар арсаҳои гуногуни байналмилалӣ дар Фаронсаву Австрияву Туркияву кишварҳои дигар низ меҳмоне мақбул шудааст”.

Сопротивление 3.jpg

Либоси ҷанговарони Ҷабҳаи муқовимат чанд даҳсола боз тағйире накардааст.

Сопротивление 2.jpg

Ҷанговари Ҷабҳаи муқовимат ҳангоми тановули ғизо.

Сопротивление 1.jpg

Ҷанговарони Ҷабҳаи муқовимат

Ахмад Масуд.jpg

Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуди шуҳратёр

Фото_15_17_Афг.jpg

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button