ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ПОДПОЛКОВНИК БАЙЗО ҶАЛОЛОВ, ПИСАРИ ГЕНЕРАЛИ ТОҶИК АБДУҶАМОЛ ҶАЛОЛОВ КУШТА ШУД

Подполковник Байзо Ҷалолов, фарзанди генерал-майори тоҷик Абдуҷамол Ҷалолов, ки дар саффи артиши Русия хидмат мекард, кушта шудааст.

Дар ин бора рӯзи 20 августи соли 2023 аз морг ё мурдахонаи ЮВО, ҳавзаи ҳарбии ҷанубии артиши Русия, ки дар шаҳри Ростови лаби Дон ҷойгир шудааст, хабар додаанд.  

Дар ин морг асосан ҷасадҳои ҳарбиёни дар қаламрави Украина кушташударо нигоҳ медоранд.

Генерал Абдуҷамол Ҷалолов рӯзи 21 август дар суҳбати кӯтоҳ бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” кушта шудани писарашро тасдиқ кард, вале аз ироаи тафсилоти кай, чӣ гуна ва дар куҷо кушта шуданаш худдорӣ кард. Ӯ тасдиқ кард, ки писараш аз тарафи Русия меҷангид, вале нагуфт, ки дар куҷо?

Тафсилоти дигар дар бораи марги подполковник Байзо Ҷалолов дар даст нест.

Абдуҷамол Ҷалолов солҳои тӯлонӣ дар милитсия кор карда,  дар солҳои 90 сардори БДА ВКД Тоҷикистон буд. Баъди рафтан аз ин мақом генерал Шералӣ Хайруллоев, вазири вақти мудофиаи Тоҷикистон Абдуҷамол Ҷалолов ба вазорати мудофиа овард ва сардори раёсати кадрҳо таъйин кард. Ӯ дар ҳамин мақом соҳиби унвони генералӣ шуд ва баъди ба нафақа баромаданаш ба Маскав кӯчид ва ҳамроҳи аҳли хонаводааш дар онҷо ба сар мебурданд.

Подполковник Байзо Ҷалолов дастикам нафари дуюм аз пайвандони генералҳои тоҷик аст, ки дар ҷанги Украина кушта мешаванд.

Қаблан хабар дода будем, ки дар шаҳри Жукови вилояти  Калугаи Русия ба шарафи зодаи Тоҷикистон ва сокини ноҳияи Жуков Аслам Файзиев, ки дар ҷанги Украина кушта шуд, дар канори роҳ як транспарант ё лавҳаи ёдгорӣ насб кардаанд. Аслам Файзиев набераи генерали марҳуми тоҷик Зуфар Мирбобоевич Файзиев, сардори собиқи ситоди кул ё Генштаби артиши Тоҷикистон ва яке аз асосгузорони артиши кунунии ин ҷумҳурӣ буд.

Дар транспарант Аслам Файзиев бо либоси ҳарбӣ, дар даст автомат аксбардорӣ шудааст. Дар кител ва кӯлоҳи ӯ ҳарфи  Z –  рамзи ҳамлаи артиши Русия ба Украина дӯхта шуда, дар паҳлуи акс ин навиштаро мебинем:

«Аслам Файзиев. Наш герой. Награжден орденом «Мужества» посмертно. Спасибо!» ( Аслам Файзиев. Қаҳрамони мо. Пас аз марг бо ордени “Мардонагӣ” сарфароз гардонида шуд. Сипос!”)

Аслам Файзиев ҳамагӣ  24 сол дошт. Ӯ Академияи қӯшунҳои танкии Русияро хатм карда буд, вале дар артиш хидмат намекард. Баъди оғози ҳамлаи Русия ба Украина Аслам Файзиевро ба артиши Русия, даъват карда, ба Украина фиристоданд. Ӯ дар як дивизияи қӯшунҳои танкӣ хидмат мекард ва моҳи сентябри соли 2022 дар набардҳо дар вилояти Харков кушта шуд. Артиши Русия дар пайи талафоти вазнин он вақт дар ниҳоят аз вилояти Харков ақибнишинӣ кард. Дар аввали моҳи ноябри соли 2022 ба Аслам Файзиев пас аз маргаш ордени “Мардонагӣ” доданд.

Аз аввали ҷанги Русия ба зидди Украина дар бораи ҳалокати даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. Қариб ҳамаи онҳо аз тарафи Русия меҷангиданд.

Аз ҷумла тақрибан 30 тани онҳо маҳбусоне буданд ки аз маҳбасҳои Русия бо ваъдаи афву озодии зуд ба Украина бурдаанд.

Ҳамин тавр, бисёре аз зодагони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, дар сурати даъват шуданашон ба хидмати ҳарбӣ, метавонанд ба Украина фиристода шаванд.

Ҳамчунин дар саросари Русия бо ваъдаи маоши баланд ва зудтар гирифтани шаҳрвандии ин кишвар муҳоҷирони тоҷикро ташвиқ мекунанд, ки барои хидмати ҳарбӣ қарордод банданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button