МАРГИ 4 КАС, АЗ ҶУМЛА ТИФЛИ ШИРМАК, ДАР 4 САДАМА ДАР ЁВОНУ СПИТАМЕН ВА МАСТЧОҲУ ҲАМАДОНӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои истироҳат дар 4 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ: дар Ёвон, Спитамен, Мастчоҳ ва Ҳамадонӣ дастикам 4 нафар, аз ҷумла як тифли ширмак ҷон бохта, дастикам ду тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Аз ҷумла шоми 18-уми августи соли 2023, тахминан соати 21:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Тағойхонов Сорбон Барфихонович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз ин ноҳия ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳи мошингарди деҳаи Тутчашмаи ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти рости роҳ баромадааст ва ба ҷарии тахминан 60-70 метр сарозер шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин мусофири “Опел” Ҷӯрахонов Ҷаҳонгир Нуридинович, соли таваллудаш 1997, сокини Ёвон, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Шаби 19-уми августи соли 2023, тахминан соати 21:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Комби», таҳти идораи Мирзоев Муҳриддин Ҳайдарович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Истаравшан-Хуҷанд” дар ҳудуди ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ронандаи тамғаи «Скутер», Бобоев Бойир Абдурасулович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, ронандаи «Скутер» ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.
Субҳи 20-уми августи соли 2023, тахминан соати 05:45, ронандаи мошини тамғаи «Ҳундай-Аванта», Ҷалолзода Муллораҳмат Ғуфрон, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти «Файзи Султон» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Боз ҳам субҳи 20-уми августи соли 2023, тахминан соати 08:00, ронандаи мошини тамғаи “ХАФЕЙ”, Давлатов Суҳроб Бобоевич, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ориёно ба самти ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Зебонисои Абдунабӣ, соли таваллудаш 2004 ва фарзанди хурдсолаш Раҷабализода Муҳаммад Рустам, соли таваллудаш 2023, сокинони ҳамин ноҳияро, ки аз тарафи чапи роҳ ба тарафи рости роҳ мегузаштанд, пахш намудааст. Дар натиҷа, Зебонисои А. бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардида, писари ширмакаш дар беморхона ҷон додааст.
ВКД гуфт, таҳқиқи ин 4 садама идома дорад.
Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфта, дар се моҳи охир дар бораи ҳалокати дастикам 120 нафар дар садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. 11 нафари онҳо дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи Файзобод ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.

