КОРДЗАНӢ ДАР ПОЙТАХТ, 3 ДУЗДӢ ДАР ГУЛИСТОНУ ЛАХШУ ХУҶАНД ВА 2 ҚАЛЛОБӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 21 августи соли 2023
Бо корд захмӣ гардидани ҷавони 25-сола дар заминаи ҷангу ҷанҷол

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Номбурда шаби 18-уми августи соли 2023, тахминан соати 23:20-дақиқа, дар назди мағозаи “Шоҳмансур”-и пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба шиками ҷабрдида зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Дастгир гардидани якчанд нафар барои содир намудани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Гулистон бо ариза зани 41-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 8-уми августи соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Лахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 16-уми августи соли 2023, тахминан соати 14:00, аз мавзеи “Болоқутӣ”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи мазкур, 3 сар чорвои калони шохдорро, ки ба мардони 52 ва 53-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дорад, дуздида, ба марди 34-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Хуҷанд оғоз карда шуд, ки номбурда 10-уми августи соли 2023, аз маркази дилхушии «Ёсуман», воқеъ дар маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми 7»-ро ки ба марди 35-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ тааллуқ дорад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ вобаста ба маблағ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 11-уми майи соли 2022, марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 71 ҳазору 350 сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағҳои гирифтаашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 12-уми марти соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 190 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағи мазкурро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

