ДАР КӮЛУ КАНАЛҲОИ ТОҶИКИСТОН БОЗ СЕ НАФАР, АЗ ҶУМЛА ЯК КӮДАКУ ЯК ҶАВОН ҒАРҚ ШУДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 21 августи соли 2023 хабар дод, ки тайи як шабонарӯзи ахир дар кӯлу каналҳои ҷумҳурӣ боз се нафар, аз ҷумла як кӯдаки 11-сола, як ҷавони 19-сола ва як марди 53-сола ғарқ шудаанд.
Аз ҷумла рӯзи 19 август, соати 14:00 сокини 53-солаи деҳаи Хӯҷаи Панҷи ҷамоати Амондара дар канори шаҳри Панҷакент ҳангоми оббозӣ дар кӯли аввали Ҳафткӯл дар ҳудуди деҳаи Рашнаи Поёни ҷамоати Шинг ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ғарқ шудааст. Рӯзи 20 август барои ҷустуҷӯи ҷасади ин марди ғарқшуда ғаввосон аз раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб карда шуданд. Ҷустуҷӯи ҷасади сокини Панҷакент идома дорад.
Боз ҳам рӯзи якшанбеи 20 август, соати 14:30, ҳангоми обгирӣ аз канали “ВД-3” дар ҷамоати Корези ноҳияи Данғара як сокини 19-солаи деҳаи Рахшонзамин ғарқ шуд. Ҷасади ин ҷавонро сокинони маҳаллӣ аз об берун кашид, ба хешовандонаш супурдаанд.
Асри 20 август, соати 18:30, сокини 11-солаи деҳаи Ҷангалобод-3-и ҷамоати Гулистони шаҳри Ваҳдат ҳангоми оббозӣ дар канали маҳаллӣ ғарқ шуд. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда филҳол ба ҷои ҳодиса омада, ба амалиёти ҷустуҷӯ сар карданд. Ҷустуҷӯ то соати 23:50 идома дошт, вале натиҷа надод. Субҳи 21 август ҷустуҷӯи ҷасади ин кӯдак аз сар гирифта шуд.
Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар нимаи аввали соли 2023 дар дар рӯду кӯлҳо ва каналҳои Тоҷикистон 87 нафар (дар нимаи аввали соли 2022 – 84 нафар ) ҷон бохтаанд. Аз шумори умумии ғарқшудагон 46 нафарашро кӯдакон ва наврасони то 16-сола ташкил медиҳанд. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ дар умум 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буданд.
Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба сокинон муроҷиат карда, аз мардум хост, ки ба фарзандони худ қоидаҳои бехатарӣ дар соҳил ва даруни обро бифаҳмонанд ва ба онҳо оббозиро ёд бидиҳанд.

