БОЗДОШТИ МАРДИ 44-СОЛА БАРОИ ҲАРАКАТҲОИ ҒАЙРИАХЛОҚОНА НИСБАТ БА КӮДАКИ ХУРДСОЛ (ВИДЕО)

Нимаи дуюми рӯзи 20 августи соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ҳаракатҳои бадахлоқонаи як марди калонсол нисбат ба як духтарчаи хурдсол нашр шуда, мавҷи вокунишҳоро ба вуҷуд овард. Дар видео дида мешуд, ки як мард дар саҳни як бинои истиқоматӣ дар пойтахти Тоҷикистон духтарчаеро назди худ хонда, дастонашро мебӯсад ва аъзои баданашро мемолад. Ин ҳолатро як зан аз ошёнаи болотар дида, ба телефон сабт мекунад ва он мардро бо як лаҳни тунд мазаммат карда, аз онҷо меронад.
Корбарон дар пайи тамошои ин видео аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостанд, то нисбат ба ин марди бадрафтор чора андешанд.
Алакай баъди чанд соат аз нашри ин видео, шоми 20 август Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти як марди 44-сола барои ҳаракатҳои ғайриахлоқона хабар дод.
Дар хабар чунин омадааст: “Шоми 20-уми августи соли ҷорӣ, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳаракатҳои ғайриахлоқонаи як нафар мард нисбати духтараки хурдсол инъикос ёфтааст. Вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, бо гузашти ҳамагӣ чанд соат марди дар навор инъикосёфта дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд. Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Назархудоев Авазбек Саидтабарович, санаи таваллудаш 18.05.1979, сокини ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад”.
Худи ин мард барои шарҳи қазия дастрас нест.
Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин ҳолати боздошти мардони калонсол дар Душанбе бо иттиҳоми ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба кӯдакони хурдсол мебошад.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 9 августи соли 2023 аз боздошти марде хабар дод, ки аксҳои рафторҳои бадахлоқонааш дар Фейсбук нашр шуда, вокунишҳои зиёде ба вуҷуд оварда буд. Муаллифи ин аксҳо як зани сокини шаҳри Душанбе буд, ки навишта буд, ин мард дар дохили даромадгоҳи бинои истиқоматӣ дар пеши чашми кӯдакон олати мардиашро бароварда, ба корҳои бадахлоқона машғул буд. Ӯ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карда буд, ки нисбати ҷавони дар расмҳо инъикос гардида, барои иҷрои амалҳои ғайриахлоқиаш чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Муроҷиати ин зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён оварда буд.
Милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфт, вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ва прокуратураи ноҳияи Сино як қатор чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, дар як муддати кӯтоҳ ҷавони дар расмҳо инъикос гардида муайян ва дастгир карда шуд.
“Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Мусоев Тоҳир Қиматуллоевич, санаи таваллудаш 07.08.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб мебошад, ки қаблан барои содир намудани ҷинояти дуздӣ, тибқи талаботи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст. Зимни бозпурсӣ ва санҷиши наворҳои камераҳои назоратӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар ҳақиқат санаи 8-уми августи соли ҷорӣ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино, дар дохили бинои баландошёнаи истиқоматии кӯчаи Борбад, олоти мардии худро бароварда, амалҳои ғайриахлоқиро анҷом додааст”, – хабар дод милитсияи Душанбе.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишоти пешакӣ ҷараён дошта, Тоҳир Мусоев дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Дар бораи ин ки тафтиш бар асоси кадом банди қонун сурат мегирад?, чизе гуфта нашудааст. Худи ҷавони дастгиршуда барои шарҳи қазия дастрас нест.
Аз толибон чӣ гила, вақте палид ҳаминҷост,
Бо ҳар навъ макру ҳила, мисли разил ҳаминҷост!
Як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир ба дастӣ малахак (Вор не тот, кто ворует, а тот кто попался). Тарки одат мушкил аст, ин марди 44-солаи палидак ва афроди мисли ӯ тибқи одат борҳо чунин амалҳоро қаблан низ анҷом додаанд. Чунин “магас”-ҳо бояд ба Афғонистон ё ягон кишвари африқоӣ (ҷое, ки конститсия амал намекунад), бадарға карда шаванд, пеши роҳи зарарро ҳар вақт бигиред, нафъ дорад! Раёсати ВКД шаҳри Душанбе бино ба далелҳои ахлоқӣ маълумоти бештар дар бораи хонаводаи чунин афрод намедиҳад, аммо агар медод хубтар буд, чунки мардум бидонанд, ки бадахлоқии узви як оила боиси шармандагии кулли хонавода хоҳад шуд ва барои пешгирӣ аз бадахлоқӣ дар хонаводаҳо таълиму тарбия ранги дигар мегирифт ё тақвият меёфт.