АфғонистонВидеоДин ва боварҳо

ВИДЕОИ БАЧАБОЗИИ МАНСАБДОРИ “ТОЛИБОН” ҲАНГОМАИ ЗИЁДЕРО БА ПО КАРД (ВИДЕО)

Пойгоҳи иттилоотии “Afghanistan International” (“Афғонистон Интернешнал”) рӯзи 18 августи соли 2023 дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои лавота, ё ба истилоҳи дигар,  бачабозии як мансабдори режими “Толибон”-ро нашр кард, ки сару садои зиёдеро ба по карда, баҳсҳои тундеро дар мавриди  то куҷо ” исломӣ” будани ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон ба бор овардааст.

“Афғонистон Интернешнал” менависад, ки дар ин видео лаҳзаи ҳамхоба шудани Муллоаҳмад Охунд, раиси раёсати барқи ҳукумати “Толибон” дар шаҳри Кобул бо як ҷавонписар сабт шудааст.  Гуфта мешавад, ин ҷавон муҳофизи худи ин мансабдори “Толибон” будааст.

Дар сабт, ки зоҳиран бо видеокамераи аз қабл насбшуда сабт шудааст, ҳуҷрае бо як рахти хоби дукаса, ки дар рӯи фарш густарда шудааст, дида мешавад. Сипас Муллоаҳмад Охундро мебинем, ки либосҳояшро мекашад ва зери бистар медарояд. Билофосила баъди ӯ он ҷавон низ либосашро кашида, зери бистар ба оғӯши мансабдори “Толибон” медарояд.

Бино ба навиштаи “Afghanistan International”,  ин ҷавон муҳофизи Муллоаҳмад Охунд буда, 21 сол доштааст. Пеш аз муҳофизи Муллоаҳмад шуданаш,  ӯ дар канори муовини вазири дифои “Толибон”, Муллофозил низ дида мешудааст. Нашрия ба далели меъёрҳои ахлоқӣ ном ва насаби ин ҷавонро расонаӣ накардааст, вале гуфтааст, ки дар бораи ӯ маълумоти кофӣ дар даст дорад.

Манобеи огоҳ аз ин қазия ба ин расона гуфтаанд, ки Муллоаҳмад Охунд аз шахсони пурнуфузи гурӯҳи “Толибон” буда, қаблан ҳам дар бораи ба сурати мунтазам бо дигар аъзои ҷавонтари ин гурӯҳ ҳамхобагӣ карданаш сарусадоҳо ба гӯш мерасид.

Ин видео дар ҳоле нашр шуд, ки  Муллоаҳмад Охунд тоза рӯзи 7-уми августи соли 2023 бо фармони сарвазири ҳукумати “Толибон” ба мансаби баланд ва “равғанӣ”–и  раиси ширкати барқи Кобул (“Брешно”) таъйин шуд.

Дар бораи ҳаёти шахсии ӯ маълумоти зиёде дар даст нест. Вале ҳангоми таъйини Муллоаҳмад ба мақоми раиси ширкати барқ гуфта буданд, ки ” ӯ як шахси худотарс ва росткор аст. Аз ин лиҳоз руасо ӯро дар ин вазифаи пурмасъулият гузоштанд”.

Аммо баъди нашри видеои бачабозии Муллоаҳмад инак ду рӯз мегузарад, вале то кунун ҳеҷ кадоме аз намояндагони “Толибон” ба ҳимоят аз ӯ лаб во накардааст ва дар умум касе аз масъулони режими феълан ҳоким бар Афғонистон ин моҷароро шарҳ надодааст.

Ин видео дар замоне расонӣ шуд, ки “Толибон” аз аввали ба сари қудрати сиёсӣ омаданашон дар Афғонистон, ки инак 2 сари сол гузашт, пайваста худро “диндору худотарс” муаррифӣ намуда, иддао доранд, ки давлати онҳо “Аморати исломии Афғонистон” бар пояи аҳкоми Шариат бино мешавад ва ҳеҷ тахаллуферо ба меъёрҳои Шариат таҳаммул намекунад.

Ба ҳамин далели рафтори ғайришаръӣ, қариб ҳар ҳафта аз гӯшаҳои гуногуни Афғонистон дар бораи мавриди сангсор ва дигар ҷазоҳои бераҳмона қарор гирифтани занону мардони муттаҳам ба зино ва равобити номашрӯъ хабарҳо ба даст мерасанд ва “Толибон” занону духтарони афғонро нафақат аз ҳаққи таҳсилу кор маҳрум кардааст, балки боз ҳам бо баҳонаи риояи меъёрҳои Шариат   занону духтаронро ба танҳоӣ, бидуни ҳамроҳии як марди маҳрамашон ҳатто иҷозаи рафтан ба кӯча ё ба бозор ваё танҳо нишастан ба такисро намедиҳад.

Ҳарчанд бачабозӣ дар Афғонистон дар гузашта ҳам, чӣ дар даврони шоҳу чӣ дар замони ҳукумати коммунистӣ ва чӣ дар даврони ҷумҳурият роиҷ буд, вале Шариати Ислом ин амалро шадидан маҳкум мекунад. Аз ин лиҳоз, ҳанӯз маълум нест, ки режими “Толибон” ба бачабозии як мансабдори ин режим чӣ гуна бархӯрд хоҳад кард?

Аксарияти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳи ин видеои интишоршуда бо киноя режими сохтаи Толибонро  “ҳукумати сад дар сад “исломӣ” “, “Аморати лавота” ва аъзои “Толибон”-ро “бозмондагони қави Лут” хондаанд. Дар ин байн танҳо афроди маъдуде аз Муллоаҳмад Охунд дифоъ кардаанд. Яке аз чунин мубаллиғони “Толибон” навиштааст, ки “шояд ягон нияти баде надошта бошанд, танҳо ба далели сардии ҳаво якдигарро ба оғӯш гирифта бошанд?” Рӯшан нест, ки ӯ ин ҷумларо бо киноя мегуфт, ваё ҷиддан аз мансабдори бачабоз ҳимоят мекард?

Корбаре бо тамасхур навиштааст, ки “инҳо ҳамонҳоеянд, ки мехоҳанд ба Афғонистон ва ҷаҳон “Ислом”-ро баргардонанд?” Якеи дигар суол кардааст, ки “магар ин аст “исломи ҳақиқӣ”-е, ки “Толибон” мехоҳад ба мо мусалмонон таҳмил кунанд?”.

Муллоаҳмад Охунд бо зердастонаш

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

3 Comments

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, шогирди Доктор Абдураҳими Муллозода гуяд:

    Ҷангал аз хук ва хирс холӣ нест!
    Саъдӣ Шерозӣ мефармоянд:
    Ҳар гуша гумон мабар, ки холист,
    Шояд, ки паланге хуфта бошад!
    Бешак чунин афрод дар камин аст, Жириновский баччабоз буд, аз толибон дифоъ намекунам, вале ин навори “сохта” боис мешавад, ки “толибон” тундтар шуда, решаи ҳамҷинсгарону ҳамҷинсбозон ва баччабозонро, ки дар Аврупову Амрико озодона параду гаштугузори ҷашнӣ баргузор мекунанд ва ҳимояти қонунӣ доранд, аз бех мекананд ва амалҳои шаҳвонӣ ва бадахлоқӣ аз Афғонистон барчида мешавад. Магар шумо намедонед, ки кошонаҳои ҳусн дар Кобул баста шуда, ҳеч гуна аксу тасвири занона дар Кобул ва Афғонистон дида намешаванд, дар ҳоле, ки дар Аврупо ва Амрико занҳои масеҳӣ урён лухт ва лӯч ё лич мегарданд.

  2. Ин Толибро махсус барои бадном кардани Ислом яхудщо созмон доданд. Лаънати Худо ба толибон ва Охундщҳои онҳо! Тухми занро қаҳт задааст?

  3. Холмуҳаммадзода холи ҳиндийски, Ҳасан Абдуғаффор гуяд:

    Ҷангал аз хуку хирс холӣ нест, аммо худованд қавми лутро ба хотири чунин амалҳояшон несту нобуд кард, ҳар касе, ки бо номи дин хилофи дин амал мекунад, худованд дар ҳамин дунё расвояш мекунад ва азоби охират бадтар аз азоби дунёст!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button