ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

САФАРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ХИТОЙ: БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО? Ё МУАРРИФИИ ВОРИС?

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон, рӯзи 20 августи соли 2023 бо як сафари расмӣ ба Ҷумҳурии халқии Хитой (Чин) рафт.

Бино ба иттилои расмӣ, Рустами Эмомалиро дар ин сафар вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ, намояндагони бахши соҳибкорӣ, инчунин дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

https://www.instagram.com/reel/CwKuuhuMdx8/?igshid=NTc4MTIwNjQ2YQ%3D%3D

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи сафари Рустами Эмомалӣ ба Хитой тафсилоти аз ин бештар надодааст, вале қаблан расонаҳои расмии Пекин хабар доданд, ки боздиди Рустами Эмомалӣ аз ин кишвар бо даъвати Жао Леи, раиси Кумитаи доимии Шӯрои Маҷлиси намояндагони  Хитой сурат гирифта, аз 20 то 23 август давом мекунад.

Рустами Эмомалӣ то кунун ба чандин кишвар, аз ҷумла ба Русия, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон сафарҳои расмӣ анҷом додааст, вале бори аввал бо боздиди расмӣ ба Пекин меравад.

Ин сафар дар ҳолест, ки Хитой дар солҳои охир ба сурати пайгирона ба сармоягузори асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон табдил меёбад. Дар ҳоли ҳозир, қариб нисфи қарзи хориҷии Тоҷикистонро, ки алакай аз марги 3 миллиард доллар гузаштааст,  маҳз қарзҳои Хитой ташкил медиҳанд. Хитой ҳамин тавр, сармоягузории бузургтарин тарҳҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони роҳҳову купрукҳо нақбҳо ва ҳатто сохтмони бинои нави ҳукумат ва парлумони ин кишварро ба дӯши худ гирифтааст ва аз ин лиҳоз, ба ҳифзи низоми сиёсии ҳоким дар Душанбе манфиатдор аст.

Қарори маълум, Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чандин сол боз ба унвони вориси курсии падараш матраҳ мешавад ва аксари нозирони умур сафари Рустами Эмомалӣ ба Пекинро аз ин зовия қобили арзёбӣ мешуморанд ва ба риштаи таҳлил мекашанд.

Ба ақидаи таҳлилгарон, Эмомалӣ Раҳмон бо ин сафари писараш ба Пекин роҳбарони Хитойро итминони хотир медиҳад, ки дар сурати интиқоли қудрат аз ӯ ба Рустами Эмомалӣ низ манфиатҳои Пекин дар Тоҷикистон халале нахоҳанд дид. Рустами Эмомалӣ, ба бовари нозирони умур, дар ҷараёни ин сафар ҷониби Хитойро итминони хотир хоҳад дод, ки дар аҳди ӯ ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Хитой осебе нахоҳанд дид, балки авҷи аз ин ҳам бештар хоҳанд гирифт.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 35 сол дошта, аз моҳи январи соли 2017, инак шашуним сол боз шаҳрдори Душанбе, пойтахти ин кишвар аст.

Ӯ моҳи апрели соли 2020 раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон низ интихоб шуд ва бо касби ин мақом инак се сол боз расман раҳбари дуюми ҷумҳурӣ дониста мешавад.

Рустами Эмомалиро як вориси эҳтимолии курсии президентии падараш мешуморанд. Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 5 октябри соли 2023 ба синни 71 мерасад, аз ноябри соли 1992, қариб 31 сол боз бар Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.  Ҳанӯз дар соли 2016 синни ҳадди ақали номзадӣ ба президентиро дар Тоҷикистон аз 35 то 30 пойин оварданд ва аксарият бар ин буданд, ки ҳадаф аз ин тағйирот ҳамвор кардани роҳи Рустами Эмомалӣ барои ширкат дар интихоботи президентии соли 2020 аст. Вале дар ин интихобот Эмомалӣ Раҳмон бори дигар номзадии худашро пешбарӣ кард ва даврони раёсаташро боз ба 7 соли дигар, то соли 2027 тамдид кард.

Бо ин вуҷуд, бисёре аз нозирон ва манобеи огоҳ аз ҷараёни таҳаввулот дар арши сиёсии Тоҷикистон бар инанд, ки нақшаи интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писари калониаш Рустами Эмомалӣ метавонад хеле зудтар аз соли 2027 амалӣ шавад.

Дар ҷомиаи Тоҷикистон  бисёриҳо умедворанд, ки Рустами Эмомалӣ дар сурати расидан ба курсии президентӣ мисли президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  дар сиёсати дохилиаш роҳи ислоҳотро пеш мегирад.

Ва аммо қувваҳои норозӣ, аз ҷумла бархе аъзои калидии ҳукумати имрӯза, тарс доранд,  ки Рустами Эмомалӣ, ки аз насли ҷавон аст, метавонад  ба ҷои онҳо кадрҳои ҷавонро рӯи кор биорад ва ба ин далел, кӯшиш мекунанд ва алакай чанд дафъа муваффақ ҳам шуданд, ки Эмомалӣ Раҳмон интиқоли курсии президентӣ ба писарашро ба ақиб андозад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Мушовири аршади Подшоҳи Хуросон гуяд:

    Ба гумонам кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Хитой чизе ёфтанд, ки аз Россия наёфтанд: “мягкая сила”, “восточная мудрость”, “быстрорастущая экономика“, “самодостаточность”. Россия-безконечная угражение, вторжение, амбиция, кризис, санкция, нищета, нестабильность, диктатура обмана и страха…плюс расизм, нацизм, рашизм, фашизм, путинизм, ленинизм, сталинизм, гомофобия, ксенофобия, исламофобия, чёрнофобия…

  2. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Академики Академияи Дипломатияи Олӣ гуяд:

    Сафари Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин паёме аз Пекин ба Москва:
    Зури бозуят куҷо шуд, нангу номусат куҷост,
    Хез Рустам Рахшро мардум саворӣ мекунад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button